Дар Украина дар 86-умин солгарди қаҳтӣ ва ё Голодомор дар аҳди Сталин хотираи миллионҳо қурбониеро гиромӣ медоранд, ки аз гуруснагӣ ҷон доданд. Сабаби ин фоҷиа дар аввали солҳои 1930-ро сиёсатҳои шӯравӣ дар он замон медонанд. Украина ҳар чаҳоршанбеи чаҳорум дар моҳи ноябрро Рӯзи гиромидошти хотираи қурбониёни Голодомор эълон кардааст.
Бисёре аз украиниҳо мегӯянд, ки ҳадафи мақомот дар он замон нобуд кардани кишоварзони украинӣ ва наслкушӣ буд. Баргузоркунандагони ёдбуд аз мардум хостаанд, ки соати 4 ба вақти Киев дар рӯзи 23-уми ноябр дар назди тирезаҳои хонаҳояшон шамъи рӯшан бигузоранд. Дар солҳои аввали шӯравӣ ва замони таъсиси колхозу совхозҳо мақомот деҳқононро маҷбур мекарданд, ки ба ин хоҷагиҳои муштарак ҳамроҳ шаванд ва ғалладонаву дигар маҳсулоти хӯрокаро ба онҳо супоранд. Дар натиҷа миллионҳо нафар аз гуруснагӣ ба ҳалокат расиданд.
Верховная Рада, порлумони Украина соли 2016 Голодоморро “наслкушӣ” ба зидди мардуми Украина эълон кард. Русия мегӯяд, иддаоҳо дар бораи фақат ҳадаф гирифтани мардуми украинӣ дуруст нест. Ба гуфтаи онҳо, ҳосили кам дар он солҳо сабаби марги мардуми зиёди рус, қазоқ ва дигар миллатҳо дар қаламрави шӯравии собиқ шуд.