Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко мехоҳад, бори шашум раиси ҷумҳур шавад. ВИДЕО


Александр Лукашенко

Дар ҳоле ки раъйдиҳандагон дар интихоботи порлумонии Беларус раъй доданд, раиси ҷумҳури ин кишвар Александр Лукашенко тасдиқ кардааст, ки дар интихоботи президентии соли 2020 худро номзад хоҳад кард. "Номзадиамро дар ин интихобот пешниҳод хоҳам кард", -- изҳор дошт ӯ ва афзуд, агар мардум ӯро нахоҳанд, курсии раёсати ҷумҳуриро маҳкам нахоҳад гирифт.

Лукашенко, ки рӯзи 17-уми ноябр дар Минск ба хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт, интихоботи навбатии президентии Беларус, қарор аст, тобистони соли оянда баргузор шавад. Вай гуфт, тасмим доранд, Конститутсияи кишварашро тағйир диҳанд, вале ин корро баъд аз интихоботи президентӣ хоҳанд кард.

"Агар мегуфтам, ки то интихоботи президентӣ Конститутсияро иваз мекунем, аҳмақона буд. Ваъда додам, ки корро дар ин самт оғоз мекунем ва он ба зиммаи мутахассисони варзида ва тавонои Додгоҳи конститутсионӣ вогузор хоҳад шуд", -- афзуд ​Лукашенко.

Назари "мардона"-и Александр Лукашенко дар бораи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00

Александр Лукашенко 25 сол аст, ки Беларусро раҳбарӣ дорад.

Вай моҳи июли соли 1994, пас аз таъсиси мақоми президентӣ дар интихоботи нахустин баранда ва президенти аввали Беларус эълон шуд.

Конститутсияи ин кишвар барои дар қудрат мондани Лукашенко борҳо тағйир дода шудааст. Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо интихоботи ахири Беларусро эътироф накарданд. Худи Лукашенкоро дар ҷаҳон бо номи "охирин диктатори Аврупо" маъруф аст. Мухолифин Лукашенкоро ба тақаллуби натиҷаи интихобот муттаҳам мекунанд.

Як давраи дигари раёсати ҷумҳурии ӯ, ки кишвари 9.5-миллионнафариро раҳбарӣ мекунад, соли оянда ба поён мерасад. Ҳоло ин суол дар миён аст, ки ҳукуматдории худкомаи Лукашенко то кай идома мекарда бошад.

Шарҳҳоро бинед (10)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG