Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон расонаҳои давлатиро ба як иттиҳодия табдил медиҳанд


Ҳукумати Қирғизистон имкони муттаҳидсозии тамоми воситаҳои ахбори омми давлатиро дар як корхона баррасӣ дорад. Ҳадафи ин иқдом беҳтар сохтани роҳҳои харҷи буҷа гуфта мешавад. Дар ин бора муовини сарвазири Қирғизистон Олтиной Омурбекова 14 ноябр ҳангоми баррасии тарҳи буҷаи соли 2020 дар порлумон хабар дод.

Омурбекова гуфт, дар ҳоли ҳозир корҳо дар самти таъсиси марказҳои расонаӣ дар вилоятҳо идома доранд. "Нашрияҳои ноҳиявӣ беҳтар карда мешавад. Баъзе аз онҳо ихтисор мешаванд. Дар ҳоли ҳозир пешниҳодҳо ҳастанд, ки "Кабар", "5 канал" ва расонаҳои расмии дигар дар як корхона муттаҳид карда шаванд. Корҳо дар ин самт идома доранд",-афзуд ӯ.

Вазири фарҳанг, иттилоот ва сайёҳии Қирғизистон Азамат Жаманқулов моҳи июли соли равон гуфт, ҳукумат тасмим дорад, сармоягузории нашрияҳои ноҳиявиро қатъ кунад. Дар саросари Қирғизистон 34 нашрияи ноҳиявӣ аст.

Масъалаи таъсиси маркази расонаҳо дар минтақаҳо Қирғизистон ҳанӯз дар соли 2017 матраҳ шуда буд. Маркази расонаҳо манбаи дарёфти иттилоъ барои сокинон хоҳад буд.

Ба гуфтаи Жаманқулов, дар мувофиқа бо тамоми вазоратхонаҳо дар ин замина консепсияе таҳия ва барои баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод шудааст.

XS
SM
MD
LG