Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия 21 гумонбари узвияти ДОИШ-ро ба Тоҷикистон мефиристад


Ҳукумати Туркия гуфтааст, ки наздик ба 1000 нафар аз гумонбарони боздоштшуда ба узвият ё ҳамдастӣ бо ДОИШ-ро ба кишварҳояшон ихроҷ мекунад.

Рӯзномаи “Ҳуррият” навиштааст, 959 нафар ихроҷ хоҳанд шуд ва аз инҳо 21 тан ба Тоҷикистон, 82 кас ба Узбекистон, 10 тан ба Қазоқистон, 23 ба Қирғизистон ва 11 нафар ба Афғонистон фиристода хоҳанд шуд.

Мақомоти Туркия гуфтаанд, ҳамчунин 99 кас ба Русия, 17 тан ба Олмон, 3 ба Ҳолланд ва 2 нафар ба Фаронса ихроҷ мешаванд. Аммо бештарин теъдод, наздик ба 300-нафарӣ ба Ироқ ва Сурия истирдод хоҳанд шуд.

Дар байни гумонбарони боздоштшудаи ҳамдастӣ бо ДОИШ ҳамчунин 4 нафар аз Украина будаанд. Дар хабар гуфта мешавад, як бахши умдаи ин афродро ноболиғон ташкил медиҳанд.

XS
SM
MD
LG