Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин мулоқоти Трамп ва Эрдуғон баъд аз амалиёти Туркия дар Сурия


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 13-уми ноябр пас аз дидор бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон, ҳамтои турки худ дар Кохи Сафед ибрози умедворӣ кардааст, ки ихтилофи ду кишвар бар сари хариди системаи зиддимушакии S-400-и русӣ аз сӯи Анқара, ҳаллу фасл шавад.

Раиси ҷумҳури Амрико бо ишора ба ин, ки тарафдори Раҷаб Таййиб Эрдуғон аст, изҳор дошт, ки музокироти бисёр олӣ ва "созанда" бо раиси ҷумҳури Туркия доштааст. Доналд Трамп дар нишасти хабарии худ бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфтааст, Туркия як муттаҳиди бузург дар НАТО ва шарики стратегии ИМА аст.

Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин дар идома таъкид кардааст, хариди системаи зиддимушакии S-400 тавассути Туркия аз Русия "чолиши ҷиддӣ" барои робитаҳои ду кишвар аст. Вай бо ин ҳол ибрози умедворӣ кардааст, ки ин масъала ҳаллу фасл шавад.

Туркия бо вуҷуди ҳушдорҳои Амрико, аз Русия системаи зиддимушакии S-400 харидааст ва Вашингтон мегӯяд, ин таҷҳизот барои муқобила бо ҳавопаймоҳо ва мушакҳои паймони НАТО тарроҳӣ шуда ва метавонад маълумоти махфии ҳавопаймоҳои ҷангии пешрафтаи F-35-ро ҷамъоварӣ кунад.

Туркия мегӯяд, солҳо барои дарёфти системаи зиддиҳавоӣ бо аъзои НАТО ва худи Амрико музокира кард, аммо онҳо тибқи шартҳои Туркия ҳозир ба додани ин таҷҳизотҳои худ нашуданд ва ин кишвар маҷбур шудааст ин аслиҳаро аз Русия бихарад.

Амрико пас аз он, ки Туркия системаи S-400-ро аз Русия харидорӣ кард, Анқараро аз тарҳи сохтани ҳавопаймоҳои пешрафати ҷангии F-35 канор гузошт.

Масъалаи курдҳо ва Сурия

Доналд Трамп ҳамчунин гуфтааст, робитаҳои иқтисодии ду кишвар дорои зарфиятҳои болое аст, ки метавонад густариш ёбад. Раиси ҷумҳури Амрико дар идома аз амалӣ шудани оташбас дар шимоли Сурия ситоиш кардааст. Вай ҳамчунин гуфт, "ман аз раиси ҷумҳури Туркия барои ҳамкорӣ дар эҷоди сулҳ ва субот дар Ховари Миёна ташаккур мекунам".

Масъалаи курдҳои Сурия яке дигар аз мавзуъҳои мавриди ихтилоф байни Анқара ва Вашингтон аст. Туркия моҳи гузашта амалиёт барои поксозии нерӯҳои низомии курди Сурия дар шимол-шарқи Сурияро оғоз кард. Аммо дар ниҳоят бо миёнҷигарии Амрико бо оташбас дар ин минтақа мувофиқат кард.

Туркия "Воҳидҳои мудофеи халқ"-ро гурӯҳи террористӣ медонад ва мегӯяд, ин гурӯҳ ба Ҳизби коргарони Курдистон ё PKK вобаста аст. Ин дар ҳоле аст, ки Нерӯҳои демократии Сурия, ки "Воҳидҳои мудофеи халқ" бахше аз он ба шумор меравад, тайи солҳои ахир дар ҷанг алайҳи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Сурия дар паҳлӯи нерӯҳои амрикоӣ ҷангидаанд.

Қатъномаи Конгресси Амрико дар бораи "куштор"-и арманиҳо

Раҷаб Таййиб Эрдуғон ҳам дар ин нишасти хабарӣ аз тасвиби қатъномаи ба расмият шинохтани "наслкушӣ"-и арманиҳо аз сӯи Туркия дар Маҷлиси Намояндагони Амрико, интиқод кард. Маҷлиси Намояндагони Амрико ду ҳафта қабл бо иттифоқи оро қатъномаи вуқӯи наслкушии арманиҳо дар авалҳои асри бистум дар даврони Императории Усмониро таъйид кард.

Раиси ҷумҳури Туркия мегӯяд, ин қатъномаи Маҷлиси Намояндагони Амрико боиси "озурдагӣ"-и Туркия шуд ва ба робитаҳои ду кишвар латма ворид кардааст. Вай ҳамчунин ҳомиёни "террористҳо"-ро муттаҳам кард, ки дар сададанд ба робитаҳо байни Вашингтон ва Анқара садама бизананд.

XS
SM
MD
LG