Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши маргбор дар Кобул баъд аз озодии раҳбарони Толибон


Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Афғонистон гуфтанд, дар таркиши мошини бомбгузоришуда дар Кобул дастикам 7 нафар кушта ва чандин тани дигар захмӣ шудаанд. Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи вазорат, ба расонаҳои хориҷӣ гуфтааст, таркиш субҳи 13-уми ноябр дар минтақаи Қасаба, дар шимоли фурудгоҳи Кобул, рух дод.

То кунун масъулияти ҳамларо касе ба уҳда нагирифтааст. Ҳам Толибон ва ҳам гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" дар Кобул фаъоланд.

Нусрат Раҳимӣ гуфт, ҳамаи қурбониён ғайринизомӣ ҳастанд ва афзуд, "эҳтимол шумори кушташудаҳо афзоиш ёбад".

Ин таркиш як рӯз баъд аз он рух дод, ки ҳукумати Афғонистон се раҳбари Толибон, бо шумули Анас Ҳаққонӣ, бародари хурдии раҳбари шабакаи Ҳаққониро бо шарти раҳоии ду профессори Донишгоҳи амрикоӣ дар Афғонистон озод кард.

Раҳоии онҳоро Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон эълон кард, аммо дар бораи сарнавишти асирони ғарбӣ маълумот надод. Мушаххас нест, онҳо кай ва дар куҷо озод хоҳанд шуд.

Кевин Кинг аз Амрико ва Тимоти Викс аз Австралия моҳи августи соли 2016 дар маркази Кобул рабуда шуданд.

Баъзе аз таҳлилгарон умедвор буданд, ки тасмими ахир метавонад хушунатҳоро дар Афғонистон коҳиш дода, роҳро барои музокироти сулҳ ҳамвор кунад. Аммо на Толибон ва на шабакаи Ҳаққонӣ то кунун дар бораи табодули зиндониён изҳори назар накардаанд.

XS
SM
MD
LG