Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафтаи фарҳангии Узбекистон дар Душанбе ва Данғара


Нишасти хабарии вазирони фарҳанги Тоҷикистону Узбекистон дар Душанбе. 12-уми ноябри соли 2019
Нишасти хабарии вазирони фарҳанги Тоҷикистону Узбекистон дар Душанбе. 12-уми ноябри соли 2019

Дар Тоҷикистон ҳафтаи фарҳангии Узбекистон баргузор мешавад. Ба ин муносибат ҳайати 57-нафарии ҳунармандони узбек ба кишвар омадаанд.

Маросим рӯзи 13-уми ноябр дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон шуруъ шуда, 14-уми ноябр бо “Шоми дӯстӣ” дар Душанбе ба поён хоҳад расид.

Қабл аз оғози ифтитоҳи ҳафтаи фарҳангии Узбекистон дар Тоҷикистон рӯзи 12-уми ноябр дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиши аксҳо дар мавзӯи "Узбекистони муосир" ва нишасти хабарии вазирони фарҳанги ду кишвар баргузор шуд.

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфт, "дар Тоҷикистон ҳудуди 30 дарсади аҳолиро бародарони узбек ташкил медиҳанд. Ба онҳо ҳеч маҳдудият вуҷуд надорад. Онҳо дорои дастаҳои ҳунарӣ ҳастанд ва дар ҳар маросими давлатӣ иштирок мекунанд."

Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти тоҷик шумораи узбекҳоро дар Тоҷикистон ҳудуди 10-15 дарсад ҳисоб карда буданд.

Бахтиёр Сайфуллоев, вазири фарҳанги Узбекистон гуфт, дар кишвари онҳо низ “тоҷикон андак нестанд”, аммо шумораи дақиқеро ба забон наовард. Вай танҳо гуфт, "дар ҳамаи вилоятҳои Узбекистон мактабҳои тоҷикӣ фаъол аст. Ҳамчунин дар бештаре аз донишгоҳҳо шӯъбаҳои таълим ба забони тоҷикӣ вуҷуд доранд."

Зимнан, эълон шуд, ки Шералӣ Ҷӯраев, Абдуҳошим Исмоилов ва Оқобек Собиров, овозхонони саршиноси узбек шомили ҳайати ҳунарии Узбекистон ҳастанд. Аз соли 2017 ба ин тараф бори дувум аст, ки рӯзҳои фарҳангии Узбекистон дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG