Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Арабистони Саудӣ ба ҳунармандон рӯи саҳна ҳамла карданд


Акс аз бойгонӣ.

Бар асари ҳамла бо корд ду мард ва як зан шоми душанбе ҳангоме, ки дар яке аз паркҳои Риёз - пойтахти Арабистони Саудӣ саҳна иҷро мекарданд, захмӣ шуданд. Чунин ҳодиса дар подшоҳии Арабистони Саудӣ пас аз он, ки маҳдудиятҳои тафреҳу саргармӣ рафъ шуданд, нахустин бор рух медиҳад.

Хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" рӯзи 12-уми нобяр бо такя ба радиои Ал-Ахбория иттилоъ дод, ки пулис фарди гумонбар дар ин ҳамларо, ки як марди 33-солаи ямании сокини Арабистони Саудӣ буд, боздошт кардааст.

Талевизионҳои давлатӣ лаҳзаҳоеро нишон доданд, ки нерӯҳои амниятӣ ба сӯи саҳна мераванд, то гумонбаршударо боздошт кунанд. Дигар расонаҳои вобаста ба ҳукумат низ наворҳоеро ба нашр расонданд, ки ҳамларо нишон медиҳад.

Дар навор марде дида мешавад, ки ба сӯи саҳна ҳаракат мекунанд ва зоҳиран аз пушт ба ҳунармандон, ки рақс иҷро мекунанд, ҳамла мекунад. Ал-Ахбория иттилоъ медиҳад, ки 3 тан аз ҳунармандон дар ин ҳамла маҷрӯҳ шудаанд ва вазъашон муътадил аст. Манбаъ миллияти онҳоро мушаххас накардааст.

Ангезаи ин ҳамла ҳанӯз маълум нест. Арабистони Саудӣ аз соли 2015 ба ин тараф даргири ҷанг бо Яман мебошад. Ин ҷанг боиси кушта шудани даҳҳо ҳазор нафар шуд ва як бӯҳрони башарӣ эҷод кард.

Дар ҳамин ҳол, подшоҳии Арабистони Саудӣ зери раҳбарии валиаҳд Муҳаммад бин Салмон ба суръат дар ҳоли таҳаввул ва тағйир аст. Дар дастури кори ӯ пас аз солҳо маҳдудиятҳои ниҳоят муҳофизакорона дар заминаи саргармӣ, мусиқӣ ва филм, ҳамакнун ислоҳоти густурда қарор дорад.

Валиаҳди 34-сола давоми се соли ахир бо пуштибонии падараш Шоҳ Салмон талош кардааст Арабистони Саудиро ба рӯи сайёҳон боз кунад ва ислоҳоти густурдаи иҷтимоиро роҳандозӣ намояд.

Ин ислоҳот дар ҳоле, ки дар бисёре аз кишварҳои мусалмонишин баҳсбарангез аст, боиси вокуниши густурдаи табақаи муҳофизакор нашудааст, ки вафодорӣ ба ҳокимони ин кишвар низ ба унвони як вазифаи шаръӣ дониста мешавад.

Дар ин кишвар, ки ба унвони як ҷомеаи хеле маҳдуд ва муҳофизакору суннатӣ маъруф аст, дар гузашта аз ҷумла ҳуқуқи хеле каме барои занон қоил буданд. Аммо дар пайи ин тағйирот дар ин кишвар ҳоло ба занон ҳақ додаанд, ки аз ин ба баъд бидуни шавҳар ё падару бародари худ ба ҷое сафар кунанд. Пеш аз ин занони Саудӣ ҳақ надоштанд, ки танҳо ба ҷое бираванд ва ҳатто шиносномаи худро бигиранд. Ҳоло занони Саудӣ метавонанд барои сабти асноди издивоҷ, талоқ ва таваллуди тифл муроҷиат кунанд ва ба танҳоӣ онҳоро ба даст оваранд.

Дар тобистони соли 2018 мамнӯияти ронандагии занон дар Арабистони Саудӣ аз байн рафт. Қаблан занони Саудӣ метавонистанд, танҳо бо ҳузури шавҳару падар ва бародари худ ронандагӣ кунанд. Арабистони Саудӣ ягона кишваре дар ҷаҳон буд, ки занон дар он кишвар иҷозаи ронандагӣ надоштанд.

Аз сӯи дигар, баъд аз мамнӯияти наздик ба 40-сола, дар авоили соли 2018 Арабистони Саудӣ дари кинотеатрҳоро дубора ба рӯи тамошобинон боз кард. Намоиши оммавии филмҳо дар Арабистони Саудӣ соли 1980 бо фишори тундравон мамнӯъ шуд. Он замон шахсиятҳои мазҳабӣ тамошои филмҳоро гуноҳ эълон карданд. Бисёре аз саудиҳо барои тамошои филмҳо ба кишварҳои ҳамсоя мерафтанд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG