Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия бозгардондани аъзои ДОИШ-ро ба кишварҳояшон оғоз кард


Туркия эълон кард, қасд дорад аъзои аврупоӣ ва амрикоии гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ"-ро, ки дар ин кишвар зиндонӣ ҳастанд, ба кишварашон баргардонад. Дар навбати аввал як олмонӣ ва як даниягӣ бозгардонида шуданд.

Туркия ҳамчунин эълон кард, қарор аст, се марду панҷ зан ва ду кӯдакро ба Олмон ва 11 фаронсавӣ ва ду ирландиро ба кишварҳояшон бозгардонад.

Олмон бо тасдиқи бозгардонидани як нафар ба ин кишвар, ҳамзамон гуфт, иртиботе бо гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" надоштааст. Расонаҳои Олмон низ эълон карданд, ки далеле дар бораи робитаи 10 нафари дигар бо ДОИШ вуҷуд надорад.

Вазири умури хориҷии Олмон низ гуфт, Туркия бояд далелҳоеро дар бораи иртиботи ин афрод бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" пешниҳод кунад, то онҳо дар Олмон муҳокима шаванд. Шуморе аз сиёсатмадорони аҳзоби мухолиф дар Олмон низ эълон кардаанд, ки бояд имкони бозгардонидани гунаҳкорони дорои шаҳрвандии Туркия ба ин кишвар вуҷуд дошта бошад.

Аз нигоҳи баъзе аз расонаҳои Олмон, Туркия бо ин кораш мехоҳад ба Аврупо ин паёмро бирасонад, ки яке аз муборизони "бузург бо терроризм" аст, аммо НАТО аз он ҳимоят намекунад. Шуморе аз кишварҳои аврупоӣ, аз ҳамлаи Туркия ба курдҳои шимоли Сурия интиқод карда буданд.

Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Туркия ҳамчунин гуфтааст, рӯзи 11-уми ноябр як амрикоии "ҷиҳодӣ" низ бозгардонида шудааст. Сулаймон Сойлу, вазири умури дохилии Туркия пеш аз ин гуфта буд, ин кишвар "меҳмонхонае барои аъзои хориҷии ДОИШ нест ва онҳо пас аз муддате озод хоҳанд шуд".

Ба гуфтаи мақомоти Туркия, 737 узви гурӯҳи "Давлати исломӣ", ки шаҳрвандони кишварҳои дигар ҳастанд, дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои Туркия нигаҳдорӣ мешаванд.

Масъалаи бозгардонида шудани аъзои ДОИШ ба кишварҳои аврупоӣ ва ҳамчунин занон ва фарзандони онҳо, мавзӯи баҳсҳои доманадоре дар ин кишварҳо будааст. Аз ҷумла, ба гузориши расонаҳои арабӣ, дар урдугоҳи "Ал-Ҳавл" дар 45-километрии шаҳри ҷангзадаи Ал-Ҳасака дар шимолу шарқи Сурия, беш аз 3 ҳазор кӯдак аз модарони ғайрисуриягӣ ба сар мебаранд, ки кишвари модарӣ ё падариашон ҳозир ба пазируфтани онҳо нест.

Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон пештар гуфта буд, дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои кишвараш дар шимоли Сурия ҳудуди 300 шаҳрванди хориҷие боздошт шудааст, ки ба ДОИШ пайваста буданд. Ба ҷуз ин, ҳазорҳо зархариди дигари хориҷӣ дар зиндонҳои Туркия нигаҳдорӣ мешаванд. Эрдуғон борҳо кишварҳои Аврупоро барои он танқид кард, ки нисбат ба тақдири минбаъдаи шаҳрвандони "зархаридашон" бетаваҷҷуҳӣ зоҳир мекунанд.

Президенти ИМА Доналд Трамп низ қаблан аз кишварҳои Аврупо даъват кард, онҳоеро қабул кунанд, ки дар ҷараёни муборизаҳои ҳампаймони Вашингтон - курдҳо зидди ДОИШ боздошт шуда, дар урдугоҳҳои Сурия нигаҳдорӣ мешаванд. Як қатор кишварҳои Аврупо бо шумули Бритониё шаҳрвандии онҳоеро бекор карданд, ки ба ДОИШ пайваста буданд.

Аз Тоҷикистон низ дар гузашта садҳо нафар ба гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" пайваста ва хонаводаҳои худро ба Ироқу Сурия бурда буданд. То ба ҳол маълум нест, ки оё шаҳрвандони Тоҷикистон дар зиндонҳои Туркия қарор доранд ва ё на.

Аммо пештар мақомоти Тоҷикистон хабар дода буданд, ки дар паноҳгоҳҳои зери назари Созмони Милали Муттаҳид дар Сурия 575 зан ва кӯдаки ҷангҷӯёни тоҷики гуруҳи "Давлати исломӣ"-ро пайдо кардаанд, ки аксари онҳо дар паноҳгоҳи "Ал-Ҳавл" ҳастанд.

Мақомоти тоҷик давоми солҳои 2018 ва 2019 даҳҳо кӯдаки тоҷикро аз Ироқ ба кишвар баргардониданд. Модарони аксари ин кӯдакон дар Ироқ зиндонӣ ҳастанд ва сарнавишти падарони аксари онҳо маълум нест.

XS
SM
MD
LG