Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон дастур дод, ки дар пойтахти кишвараш тандис ё ҳайкали саги навъи алабай гузошта шавад.
Бердимуҳаммадов дар ҳоле ин дастурро дод, ки рӯзи 6 ноябр аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Ишқобод ошно мешуд. Ба навиштаи расонаҳо, баландии тандис 15 метрро ташкил хоҳад дод.
Дар Туркманистон сагҳои навъи алабай ҳамчун дастоварди миллӣ эътироф шудаанд. Бердимуҳаммадов моҳи сентябр китоберо бахшида ба алабай таълиф ва интишор кард. 13 сентябр вай шеъреро низ бахшида ба алайб дар ҷаласаи ҳукуматӣ қироат кард.
Расонаҳои расмии Туркманистон мегӯянд, тандиси алайб моҳи июли соли 2020 такмил хоҳад шуд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар шаҳри Ишқобод як тандиси алабай мавҷуд аст. Тандиси саги алабай бо номи "Бовафо" моҳи декабри соли 2017 пардабардорӣ шуда буд.