Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имконияти маҳдуд ва ҳуқуқи баробар дар тасвири кӯдакони тоҷик. ВИДЕО


Дар як намоишгоҳе дар Душанбе, рассомони хурдсоли тоҷик аз муроот нашудани ҳуқуқи ҳамсолони худ дар ҷомеа ва оила гуфтанд.

Тақрибан нисфе аз 9 миллион аҳолии Тоҷикистонро кӯдакон ва наврасони зери синни балоғат ташкил медиҳанд. Ҳазорон нафар аз ин атфол аз замони кӯдакӣ, ки овони “ чун гул ба чаман сар кашидани онҳост,” кашидани бори аробаи зиндагии хонаводаҳои худро бар дӯш мегиранд, ҳазорони дигар аз шароити шоистаи зиндагӣ ва таълиму тарбия маҳрум бо умеди як қути лоямут дар кӯчаву хиёбон рӯзи худро шаб мекунанд. Як қисми муайяни онҳо, ки имкониятҳои маҳдуд доранд, на ҳамеша дар ҷомеа ҳуқуқи баробар доранд.

Фараҳнози 11-соларо нақзи ҳуқуқи ҳамсолонаш дар ҷомеа ва ҳатто хонаводаҳо водор кардааст, ки як бахши ҳунари рассомии худро ба ин мавзӯ бахшад. Ӯ дар мактаби рассомӣ таҳсил мекунад. Дар тасвирҳои худ дар бораи кудакони имконияташон маҳдуд ва ҳуқуқи баробари онҳо ба таҳсилу зиндагӣ ва риояи он дар хонаводаву ҷомеа таъкид кардааст.

Фараҳноз бо чанд чунин расмҳои тасвиркардааш дар қатори даҳҳо наврас дар як намоишгоҳе ширкат кард. Ӯ дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мехоҳад ҷомеа бидонанд, ки кӯдакон новобаста аз имкониятҳои маҳдуд ҳама инсон ҳастанд ва ҳуқуқи баробар доранд”.

Баробарӣ аз нигоҳи кӯдакони тоҷик
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:21 0:00


Расмҳои тасвиркардаи Фараҳноз, ки баробарии ҳуқуқи ҳамаи кудаконро дар ҷомеа бозгӯ мекунад, аз сӯи тамошобинон ҳам истиқбол шуд. Дар миёни расмҳои Фараҳноз кори эҷодии даҳҳо навраси дигаре, ки имкониятҳои маҳдуд доранд ба намоиш гузошта шуд.

Манижа лолу ношунаво аст. Ӯ ҳам бо чанд расмҳои худ аз зиндагии ҳамтақдиронаш ба ин чорабинӣ омадааст. Мехоҳад мушкили атфоле мисли ӯ бештар баррасӣ шавад, ки ба фарқ аз ҳамсолони солими худ маъмулан канор мемонанд.

Ӯ бо забони имову ишора ва бо кӯмаки тарҷумон ба мо гуфт:

“Дар рӯи дунё кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд зиёд ҳастанд. Дар тасвирҳоямон таъкид шудааст, ки нисбати мо эҳтиром ба ҷо оварда шавад. Бо бачаҳои ношунаво ҳам ба монанди кӯдакони солим бархурд шавад ва ҳуқуқи онҳоро поймол накунанд”.

Дар намоишгоҳи расмҳои кӯдакон, ки ба сиюмин солгарди Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак бахшида шуд, кӯдакон мавзуи “Шаҳри орзуи ман” ва «Ман ва ҳуқуқҳои ман»-ро дар расмҳояшон тасвир карданд. Ба ин озмун ҳудуди 500 расм пешниҳод шудааст.

Созмондиҳандагони ин намоишгоҳ гуфтанд, ки агар ҳадафи аввали онҳо огоҳии атфоли тоҷик аз ҳуқуқу озодиҳояшон аст, дар навбати дуюм як баҳонаи дигаре барои бори дигар баргаштан ба масъалаи вазъи ҳуқуқи кӯдак дар кишвар мебошад.

Шӯҳрат Шарифов, як масъули бахши робита бо ҷомеаи ЮНИСЕФ ё Бунёди кӯдакони СММ дар Тоҷикистон гуфт, ин намоишгоҳ имкон медиҳад, ки кӯдакон орзуҳои тахайюлӣ ва ҳуқуқҳои худро аз тариқи расмҳои тасвиркардаашон ба ҷомеа пешкаш кунанд.

"Дар инҷо кудакон аз мактабҳои умумӣ, хусусӣ ва муассисаҳои махсусе, ки кӯдакони маълул онҷо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, даъват гардиданд. Инҷо нишон дода шудааст, ки кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд ҳам метавонанд дар бораи баробарии ҳуқуқи худ суҳбат кунанд ва ҷомеаро барои аз байн бурдани табъиз даъват намоянд. Ин намоишгоҳ даҳ руз идома мекунад ва баъди он ҳам тамошои расмҳои тасвиркардаи кудакон ба анҷом намерасад. Мо тасмим дорем, ин кори бачаҳоро дар шаклҳои гуногун ба ҷомеа намоиш диҳем",--гуфт, ин масъули ЮНИСЕФ.

Бино бар охирин пажӯҳише, ки аз сӯи Кумитаи омори Cозмони ҷаҳонии меҳнат анҷом шудааст, аз 2,2 миллион кӯдаки аз 5 то 17- сола, 23 дар сад ё 552 ҳазор нафараш вориди бозори кор шуданд.

Аммо таҳлилгарон мегӯянд, вазъи кӯдакон дар солҳои ахир вобаста ба бӯҳрони иқтисодӣ ва бозгашти муҳоҷирон, бадтар шудааст. Дар доираи мубориза бо кори кӯдакон, ҳамасола дар кишвар миёни кӯдакони оворагарду коргар рейдҳо гузаронида мешавад. Кӯдакон аз бозору хиёбонҳо аз ҷониби пулис боздошт ва волидони онҳо барои бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанд ҷарима мешаванд.

Як таҳқиқоти тозаи Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон дар соли 2018 ҳам нишон додааст, ки 85 дарсади наврасон аз ҳуқуқҳои худ огоҳ нестанд.

Шарҳҳоро бинед (2)

XS
SM
MD
LG