Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зилзила дар Эрон. 5 нафар ҷон бохт ва садҳо тан маҷрӯҳ шуд


Бино ба гузоришҳо, зилзилаи 5,9-дараҷаӣ минтақаи Тарки вилояти Озарбойҷони шарқии Эронро такон додааст. Ба гузориши ИРНА-- хабаргузории давлатии Эрон, заминларза соати 2:17 дақиқа ва 3 сонияи шаби ҷумъа рух додааст.

Тарк яке аз ноҳияҳои вилояти Озарбойҷони шарқӣ аст. Маркази зилзилашиносии Донишгоҳи Теҳрон гуфтааст, ин заминларза ба иловаи Озарбойҷони шарқӣ, вилоятҳои Озарбойҷони ғарбӣ, Гелон, Занҷон ва Ардабилро ҳам такон додааст.

Мақомоти Эрон гуфтаанд, ки то ба ҳол панҷ нафар ҷони худро аз даст дода, 332 нафар ҳам захмӣ шудаанд. Мақомот гуфтаанд, ки имкон дорад, ки шумораи ҳалокшудагон ва захмиён афзоиш ёбад.

Масъулон дар вилояти Озарбойҷони шарқӣ гуфтаанд, ки бар асари зилзила ду мавриди сӯхтор ва дар чанд маврид резиши девор гузориш шудааст. Бар асари ин ҳодиса садҳо манзил фурӯ рафта ва резиши кӯҳҳо дар ҷодаҳо гузориш шудааст.

Илова бар инҳо, гузориш шудааст, ки чанд пасларзаи қавӣ низ баъд аз заминларзаи аслӣ сабт шудааст, ки қувваи яке аз онҳо ҳадди ақал 4 дараҷа будааст.

Раиси вилояти Озарбойҷони шарқӣ субҳи ҷумъа гуфт, аз 80 деҳаи минтақаи зилзилазада то кунун 65 деҳа арзёбӣ шудааст. Муҳаммадризо Пурмуҳаммадӣ афзудааст, ки ҳади ақал 400 хонаи истиқоматӣ осеб дидаанд.

Муртазо Салимӣ, раиси Созмони имдод ва наҷоти Ҳилоли Аҳмар гуфтааст, ҳеҷ деҳае 100 дарсад тахриб нашудааст ва хисорот дар рустоҳо нисбат ба наздикии маркази зилзила фарқ мекунад.

Ба гузориши хабаргузории "Меҳр", ин заминларза ба муддати 10 сония идома кард ва шиддати он боиси тарсу ваҳшати мардум дар вилоятҳои Озарбойҷони шарқӣ, Гелон ва Ардабил шуд. Ин зилзила дар вилоятҳои Озарбойҷони ғарбӣ ва Занҷону Қазвин ҳам эҳсос шуд.

Мақомот дар вилояти Озарйбойҷони шарқӣ гуфтаанд, ки бемористонҳо дар ин вилоят дар ҳоли омодабош қарор гирифтаанд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG