Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти қирғизтаборе бо иттиҳоми терроризм дар Маскав


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Кумитаи тафтишотии Русия гуфт, як зодаи Қирғизистонро бо иттиҳоми тарҳрезии ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Маскав боздошт кардаанд. Юлия Иванова, сухангӯи кумитаи мазкур рӯзи 5-уми ноябр гуфт, ки Талант Онурови 30-соларо рӯзи 3-уми ноябр дастгир кардаанд ва ӯ “ба ҷинояташ иқрор шудааст.”

Мақомоти вазорати умури хориҷии Қирғизистон гуфтанд, ки ҳоло маълум нест, Онуров шаҳрванди кишвар ҳаст, ё не. Онҳо афзуданд, ки сафорати кишвар дар Маскав ин масъаларо таҳқиқ мекунад.

XS
SM
MD
LG