Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдулло Абдулло тарҳи Ашраф Ғаниро танқид кард


Абдулло Абдулло ҳангоми мусоҳиба бо Франс Пресс дар рӯзи 5-уми ноябр.
Абдулло Абдулло ҳангоми мусоҳиба бо Франс Пресс дар рӯзи 5-уми ноябр.

Абдулло Абдулло, раиси ҳукумати иҷроияи Афғонистон барномаи нави сулҳи раиси ҷумҳур Ашраф Ғаниро танқид кард ва онро “феҳрасти орзуҳо” ва ғайривоқеӣ номид. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико моҳи сентябр бинобар ҳамлаҳои мудавоми ҷангҷӯёни Толиб музокироти чандмоҳа бо ин гурӯҳро мутаввақиф кард. Ашраф Ғанӣ моҳи гузашта тарҳи ҳафтбандии сулҳ ва вобаста ба музокироти Амрикову Толибонро пешниҳод кард, ки ҳадаф аз он поён додан ба ҷанги 18-сола дар Афғонистон аст.

Абдулло Абдулло ба хабарнигори Франс Пресс дар Кобул гуфт: “Самимона мегӯям, ки ҳеҷ касе он барномаро, барнома намешуморад. Ин на барнома балки як феҳрасти орзуҳо аст.” Абдулло Абдулло дар интихоботи рӯзи 28-уми сентябр рақиби Ашраф Ғанӣ буд. Натиҷаҳои интихоботро ҳанӯз эълон накардаанд. Абдулло Абдулло ҳамчунин гуфтааст: “Ҳеҷ касе ва на мардуми Афғонистон барномаро ҷиддӣ намегиранд".

Нозирон ҳам тарҳи пешниҳодии Ашраф Ғаниро зери суол бурдаанд, аз ҷумла пешниҳоди созиши оташбаси якмоҳа бо Толибон барои аз сар гирифтани музокирот. Толибон ҳукумати Афғонистонро дастнишондаи Ғарб номида аз музокироти мустақим бо он худдорӣ мекунанд. Абдулло гуфт, ҳаргуна музокирот дар оянда бояд бо ҳузури ҳукумат ва раҳбарии ӯ,ё Ашраф Ғанӣ сурат бигирад. Натиҷаҳои интихоботи Афғонистон, ки бояд то кунун эълон мешуд, чанд бор аст ба таъхир меафтад.

XS
SM
MD
LG