Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси як қирғизистонӣ дар Маскав бо айби ташкили ҳамла


Додгоҳе дар шаҳри Маскави Русия Талант Онурови 30-сола, зодаи Қирғизистонро ҳабс кард. Кумитаи тафтишотии Русия ӯро ба омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ айбдор мекунад.

Сафорати Қирғизистон дар Маскав хабар дод, ки ҷузъиёти ҳодисаро аз мақомоти Русия дархост кардааст, аммо то кунун дақиқ нест, ки оё ҳабсшуда воқеан шаҳрвандии Қирғизистонро дорад, ё на.

"Ба иттилои тафтишот, моҳи сентябри соли 2019 Онуров аз Қирғизистон бо ҳадафи анҷоми ҳамлаи террористӣ ба Маскав омадааст. Давоми як моҳ боздоштшуда ҳаммаслак ҷустуҷӯ карда, тарзи таҳияи таркишро омӯхта, навор тамошо кардааст ва инчунин макони содирсозии таркишро интихоб намудааст. Дар ҷараёни бозпурсӣ вай айбҳои эълоншударо эътироф кард",-хабар дод намояндаи Кумитаи тафтишотии Русия Юлия Иванова.

Дар сурати исботи айб эҳтимол аст, Онуров то 15 сол зиндонӣ шавад. Дар ҳоли ҳозир додгоҳ ӯро то 1 январи соли 2020 ба ҳабси пешакӣ гирифтааст.

Як манбаъ хабар дод, ки Онуров 1-уми ноябр боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG