Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW Қазоқистонро ба ислоҳот даъват кард


Созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch аз мақомоти Қазоқистон даъват кард, ки маҳдудиятҳои баргузории гирдиҳамоиҳои сулҳомезро бекор ва таъқиби дигарандешонро қатъ кунанд.

"Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон, ки таҷрибаи фаъолият дар СММ-ро дорад, ба маҳзи президент шудан натавонист, ки Қазоқистонро ба меъёрҳои СММ дар бахши ҳуқуқи инсон мутобиқ гардонад. СММ бояд ба Тоқаев фишор оварад ва баргузории ислоҳот ва эҳтироми дигарандешону гирдиҳамоиҳоро талаб кунад",-мегӯяд, Хю Уилямсон, мудири HRW дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ.

Тоқаев ки дар моҳи марти соли ҷорӣ сари қудрат омад, аз моҳи марти соли 2011 то октябри соли 2013 ба ҳайси муовини дабири кулли СММ фаъолият карда буд. Нозирони байналхалқӣ мегӯянд, Тоқаев баъди сари қудрат омадан ваъдаи бозбинии қонунҳои кишварашро дар бахши гирдиҳамоиҳои эътирозӣ дода буд.

Аммо ба навиштаи HRW, эътирозҳо дар Қазоқистон дар бештари вақт бо муқобилаи пулис ва боздоштҳои дастаҷамъӣ хатм мешаванд.

XS
SM
MD
LG