Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Палмер гуфт, Иттиҳодияи Аврупо "хатои таърихӣ" кард


Метю Палмер
Метю Палмер

Метю Палмер, фиристодаи нави Амрико барои Балкани ғарбӣ Иттиҳодияи Аврупоро барои ба таъхир андохтани музокироти узвият бо Македонияи шимолӣ ва Албания танқид кард. Ӯ гуфт, таъхир “хатои таърихиест” ки ба минтақа “паёми баде”мерасонад.

Метю Палмер рӯзи 4-уми ноябр дар як нишасти хабарии муштарак бо Александр Вучич, раиси ҷумҳури Сербистон дар шаҳри Белград гуфт: “Мо тамоми кӯшишро мекунем, то Иттиҳодияи Аврупоро моил ба тағйири мавқеаш кунем.” Дипломати амрикоӣ гуфт, кишвараш мехоҳад, “Балкани ғарбӣ ояндаи аврупоӣ дошта бошад.” Пештар аз ин баёния дар рӯзи 15-уми октябр Иттиҳодияи Аврупо ба шуруи музокирот барои қабули Македонияи шимолӣ ва Албания ризоият надод ва умеди ҳарду кишвар барои узвияти зудтар дар ин хонаводаро кам кард.

Александр Вучич гуфт, Сербистон хоҳони густариши робитаҳо бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрикост ва дигарбора аз раиси ҷумҳур Доналд Трамп даъват кард, ба кишвараш сафар кунад. Ба қавли Вучич, боздид аз Сербистон ба ҳамкориҳои дуҷониба “нерӯи тоза” мебахшад. Раиси ҷумҳури Сербистон ҳамчунин гуфт, ки мумкин аст, гуфтугӯҳо барои мӯътадил кардани муносиботи Сербистон ва Косово “то ду се моҳи оянда аз сар гирифта шаванд.”

Вашингтон кӯшишҳо барои аз сар гирифтани музокирот байни ду тарафро афзоиш додааст. Косово, ки як замон вилояти Сербистон буд, соли 2008 худро мустақил эълон кард, вале Белград онро ба расмият намешиносад. Яксаду даҳ кишвари ҷаҳон Косоворо ҳамчун кишвари мустақил ба расмият шинохтаанд, вале Сербистон, шарикаш Русия ва 5 кишвари Иттиҳодияи Аврупо ҳанӯз онро эътироф накардаанд.

XS
SM
MD
LG