Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Горбачев гуфт, ҷаҳон ҳамчунон "хатарнок" аст


Михаил Горбачев
Михаил Горбачев

Михаил Горбачев, раҳбари собиқи шӯравии пешин мегӯяд, бо назардошти мухолифати Русия ва Ғарб, ки мусаллаҳ бо бомби атомӣ ҳастанд, ҷаҳон дар рӯ ба рӯи “хатари азиме” қарор дорад.

Дар мусоҳиба бо телевизиони Би-би-сӣ, ки рӯзи 4-уми ноябр нашр шуд, Михаил Горбачев гуфт, “тамоми кишварҳои ҷаҳон бояд эълон кунанд, ки аслиҳаи атомӣ бояд аз байн бурда шавад, то “мо ва саёраи мо наҷот ёбад.”

Ӯ афзуд: “То замоне, ки аслиҳа ва пеш аз ҳама аслиҳаи атомӣ вуҷуд дорад, ин як хатари бисёр азим аст.” Мусоҳибаи ӯ се даҳа баъд аз суқути Девори Берлин ва ишора ба бозгашт ба Ҷанги Сард нашр шуд. Ӯ дар бораи муносибати Русия ва кишварҳои ғарбӣ гуфт, ин “муносибати сард, вале ҷанг аст.”

Нигарониҳо аз рақобати таслиҳотӣ байни Амрико ва Русия баъди он бештар шуд, ки ду кишвар аз Паймони манъи мушакҳои атомии миёнапарвоз хориҷ шуданд. Паймони мазкурро соли 1987 Михаил Горбачев ва Роналд Рейган, раиси ҷумҳури собиқи Амрико имзо карданд.

XS
SM
MD
LG