Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нисфи мардум гуфтаанд, дар Русия ваҳдати миллӣ нест


Раҳпаймоӣ дар шаҳри Владивосток дар рӯзи 4-уми ноябр
Раҳпаймоӣ дар шаҳри Владивосток дар рӯзи 4-уми ноябр

Дар Русия рӯзи 4-уми ноябр Рӯзи ваҳдати миллиро таҷлил мекунанд, ки паёми он таҳаммулгароӣ дар байни миллату пайравони ойинҳои гуногун аст. Имрӯз барои мардуми Русия рӯзи истироҳат аст ва мактабу корхонаҳо тамоми рӯз бастаанд.

Як назарсанҷии Маркази Таҳқиқи Афкори Умум дар Русия, ки рӯзи 31-уми октябр нашр шуд, нишон додааст, ки 37 дар сади мардум бовар доранд, дар кишварашон ваҳдати миллӣ вуҷуд дорад. Бештар аз 57 дар сади мардуми Русия назари мухолиф доштаанд.

Раиси ҷумҳур Владимир Путин соли 2005 рӯзи 4-уми ноябрро бахшида ба пирӯзии Русия дар ҷанг бо нерӯҳои Лаҳистон дар соли 1612 Рӯзи ваҳдати миллӣ эълон кард. Ин ид ҷойи Рӯзи инқилоби болшевикиро гирифт, ки ҳар сол рӯзи 7-уми ноябр таҷлил мешуд.

Владимир Путин иди мазкурро барои ташвиқи ватандӯстӣ, ваҳдат дар ҷомеа ва таҳкими назорати ҳукумат дар қаламрави кишвари азим ва гуногунмиллат истифода бурдааст. Вале таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ дар солҳои гузашта бо тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ ва бархӯрди тазоҳургарон бо маъмурони пулис ҳамроҳ буд.

XS
SM
MD
LG