Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW: Туркманистон бояд Қосимбердӣ Гараевро фавран озод кунад


Созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch аз мақомоти Туркманистон талаб кард, ки макони будубоши Қосимбердӣ Гараевро ошкор ва агар ӯро боздошт кардаанд, фавран озод намоянд.

Изҳороти Human Rights Watch дар ҳоле садо медиҳад, ки Гараев чанде пеш ба идораи пулис дар шаҳри Ишқобод даъват ва баъди он нопадид шуд. Гараев гуфта буд, ки намояндаи ақалияти ҷинсӣ аст.

"Мо нигаронем, ки Гараевро танҳо ба хотири он боздошт кардаанд, ки вай эълом кард, ҳамҷинсгаро аст",-омадааст дар изҳороти созмон.

Ба иттилои бахши туркмании Радиои Озодӣ, эҳтимол дорад, Гараев боздошт шуда бошад. Дар Туркманистон ҳанӯз ҳам барои ҳамҷинсгароӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашанд.

Гараев 24 октябр, пас аз чанд рӯзи нашри суҳбаташ дар сомонаи бахши туркмании Радиои Озодӣ ба пулис даъват шуд. Дар матлаб номи Гараев иваз ва танҳо синаш зикр гашта буд. Баъди даъвати Гараев ба идораи пулис тамосҳо бо ӯ қатъ шуданд.

Ба иттилои радио, пас аз нашри матлаби мазкур кормандони хадамоти махсуси Туркманистон барои пайдо кардани мусоҳиб тамоми табибони ҷавонеро, ки ҳамсоли Гараев ҳастанд, тафтиш кардаанд.

Гараев дар суҳбат бо радио гуфт, бо вуҷуди фаъолияти амакаш дар хадамоти муҳофизати президенти Туркманистон таҳти фишор қарор дорад. Ба гуфтаи Гараев, баъди таҳсил дар Беларус ба ватан баргашта, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҷавоне шинос шуд ва дертар маълум гашт, ки ба доми кормандони пулис афтидааст. Агар ӯро падару амакаш наҷот намедоданд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешуд.

Худи ҷавон 13 октябри соли равон ба пайвандону наздиконаш муроҷиати видеоӣ сабт кардааст.

XS
SM
MD
LG