Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Эрон гуфт, ҳеч гоҳ бо Амрико музокира намекунад


Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, гуфт, Теҳрон дар гапи худ меистад ва бо Иёлоти Муттаҳида ҳеч гуна музокирот нахоҳад кард. Хоманаӣ 3-юми ноябр дар остонаи чиҳилсолагии ҳамла ба сафорати Амрико дар Теҳрон ба воситаи телевизионӣ давлатӣ дар ин бора изҳори назар кард.

Ӯ гуфт, “яке аз роҳҳои пешгирӣ аз нуфузи сиёсии Амрико манъи ҳар гуна гуфтугӯ бо Иёлоти Муттаҳида аст. Ин ба он маъност, ки Эрон ба фишорҳои Амрико таслим намешавад”.

Хоманаӣ афзуд, “касоне, ки музокирот бо Иёлоти Муттаҳидаро ба унвони роҳи ҳалли мушкилот мебинанд, мутмаин бошанд, ки хато мекунанд.”

Муносибати Теҳрону Вашингтон баъд аз он бад шуд, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аз созиши ҳастаии соли 2015-и қудратҳои ҷаҳон бо Эрон хориҷ шуд ва ба зидди ин кишвар таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ кард.

Рӯзи 4-уми ноябри соли 1979, пас аз чанд моҳи инқилоби исломӣ дар Эрон, донишҷӯён ба бинои сафорати Амрико дар Теҳрон ҳуҷум карда, 52 дипломатро гаравгон гирифтанд.

Онҳо талаб карданд, ки Амрико Муҳаммадризошоҳи Паҳлавӣ, шоҳи охирини Эронро ба Теҳрон таслим кунад. Паҳлавӣ аз ҳимояти Амрико бархӯрдор ва он замон дар бемористоне дар Иёлоти Муттаҳида бистарӣ буд.

Ин буҳрон баъди беш аз як сол бо озодии 52 дипломати амрикоӣ ҳал шуд. Ҳарду кишвар аз соли 1980 боз муносибатҳои дипломатӣ надоранд.

XS
SM
MD
LG