Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти солонаи раҳбарони ASEAN дар Таиланд


Акс аз бойгонӣ

Раҳбарони Иттиҳодияи кишварҳои ҷанубу шарқи Осиё (ASEAN) рӯзи 2-юми ноябр дар шаҳри Бангкок, маркази Таиланд, нишасти солонаи худро баргузор карданд. Эҷоди тавофуқномаи тиҷоратӣ ба раҳбарии Чин яке аз масъалаҳои асосӣ будааст.

Ин тавофуқ дар сурати ба даст омадан ниме аз аҳолии ҷаҳон ва чиҳил дарсади тиҷорати рӯйи дунёро фаро мегирад. Баҳси эҷоди ин тавофуқнома баъд аз он ҷиддитар шуд, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, созиши пешинаи ҳукумати қаблӣ бо кишварҳои минтақаро ғайриодилона хонд ва аз он берун шуд.

Як намояндаи Филиппин ба хабарнигорон гуфтааст, эҳтимоли ба миён омадани тавофуқномаи шарикии иқтисодӣ то соли 2020 баид ба назар мерасад.

Иттиҳодияи кишварҳои ҷанубу шарқи Осиё як созмони байналмилалӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ аст. Ин созмон моҳи августи соли 1967 аз тарафи Таиланд, Индонезия, Малайзия, Сингапур ва Филиппин барои ҳамбастагӣ ба зидди нуфузи коммунистҳо дар Ветнам ва шӯришҳои дохили ин кишварҳо таъсис шуд.

Баъдан Бруней, Ветнам, Лаос, Мянмар ва Камбоҷа ба ин иттиҳодия пайвастанд.

XS
SM
MD
LG