Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мегӯянд, ту номзад шудӣ, ба мо чӣ?" Занон дар роҳ ба сӯи вакилӣ. ВИДЕО


Дар интихоботи гузаштаи маҷлисҳои маҳаллӣ дар Қирғизистон ба Ойгул Айтикеева ҳамагӣ чанд овоз нарасид, ки пирӯз шавад, ҳарчанд аз миёни 8 зани довталаб раъйи бештар ба даст овард. "Бетафовутӣ ба нокомӣ меорад. Ҳамсояҳои гирду атроф ба интихобот бетараф ҳастанд. Мегӯянд, ту номзад шудӣ, ба мо чӣ? Ё мегӯянд, дар рӯзи интихобот вақти холӣ надоранд. Одамон бетафовут ҳастанд ва намедонанд, ки дар интихобот ояндаи онҳо ҳал мешавад", -- нақл кард ӯ.

Ойгул Айтикеева замоне дар фикри вакили маҷлис шудан афтод, ки модар шуд. Дид, ки дар деҳаашон барои кӯдакон шароит нест ва обу барқ надоранд. Арзи мардумро ба гӯши мансабдорон расонида натавонист. Акнун ин зани фаъол талош дорад муносибати мансабдоронро ба мардум иваз кунад. Бинобар ин, ӯ дар як давраи омӯзишӣ таълим мегирад ва ният дорад, бори дувум номзад ба вакилии маҷлис шавад.

Ойгул Айтикеева
Ойгул Айтикеева

Ойгул Айтикеева гуфт: "Пештар шахси боз ва ошкоргӯ набудам, дар назди мардум сухан гуфта наметавонистам. Шояд бинобар хислатҳои миллии мо, ки занон доим дар мақоми дувум ҳастанд. Ин давраҳои омӯзишӣ боварӣ ба худро бештар мекунад."

Занон дар саҳнаи сиёсии Қирғизистон ҳанӯз ҳузури фаъол надоранд. Дар порлумон 16 дарсади вакилон занонанд. Онҳо дар маҷлисҳои маҳаллӣ 10 дарсадро ташкил медиҳанд.

Коршиносон мегӯянд, ҳангоми пешбарии номзадҳо занонро аз рӯйхат берун мекунанд ва ҷомеа ҳанӯз одат надорад, ки ба занон овоз диҳад.

Рима Султонова, коршиносони масоили гендерӣ мегӯяд, "монеаи асосӣ дар роҳи истифода аз тавоноии занони фаъол ин тасаввуроти шахшуда дар мавриди занон аст. Барои аз байн бурдани тасаввуроти шахшуда як ё ду сол кофӣ нест. Мегӯянд, барои дигар кардани тасаввуроти шахшуда як насл зарур аст. Агар мо ҳоло корро оғоз накунем, гумон аст, ки насли минбаъда тағйир ёбад."

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Занони қирғиз барои вакил шудан омодагӣ мегиранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00

Коршиносон мегӯянд, ихтисоси 30 дарсади курсиҳои порлумон барои занон дар Қирғизистон баҳонаи хубе барои аз худ дарак додани бонувон аст. Ба номзадҳои эҳтимолӣ ба вакилии порлумон мефаҳмонанд, ки чаро ширкати онҳо дар сиёсат муҳим аст.

Бакен Досалиева, роҳбари Маркази кумак ба занон гуфт: "Муносибати ҷомеаи мо ба занон бисёр суннатӣ аст. Яъне, занон дар пушти оташдон бошанд ва ба мисли ин. Лекин вақте зан дар сиёсат иштирок намекунад, ҳангоми қабули қарорҳо масъалаҳои иҷтимоӣ сарфи назар мешаванд. Масалан, масъалаи норасоии боғчаҳои кӯдакон."

Тарҳи бештар кардани курсиҳои порлумон барои занон ба ҳама писанд нест. Мардони яке аз деҳаҳои Қирғизистон ҳатто ба президент арз кардаанд, ки онҳо наметавонанд аз ҳисоби занон номзадҳои лоиқ ба вакилиро пайдо кунанд. Аммо дар интихобот маҳз занони ҳамин деҳа раъйи аз ҳама бештар гирифтанд.

Рима Султонова мегӯяд, "ман як гурӯҳи мардонеро медонам, ки аз манфиатҳои занон ҳимоят мекунанд. Онҳо на танҳо ҷонибдори квотаи 30-дарсадӣ, балки тақсими баробари курсиҳои маҷлис ҳастанд. Яъне, 50 ба 50."

Айни замон дар тамоми Қирғизистон вохӯриҳо бо занони фаъол доир мешавад. Ташкилкунандагони давраҳои омӯзишӣ умед надоранд, ки ҳар яке аз ширкатдорон як курсии порлумонро соҳиб мешаванд. Аммо бовар доранд, ки аксарияташон дар ҳимоят аз ҳуқуқи худ фаъолтар хоҳанд буд.

Шарҳҳоро бинед

XS
SM
MD
LG