Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳук: Теҳрон ба ҷангҷӯён дар Ироқу Сурия $16 млрд харҷ кардааст


Брайан Ҳук
Брайан Ҳук

Брайан Ҳук, намояндаи хоси Амрико барои Эрон, гуфт, Теҳрон ба хотири ҳимоят аз ҷангҷӯёни ба раҳбарии шиаҳо дар Ироқу Сурия 16 миллиард доллар харҷ кардааст.

Ҳук дар ин бора рӯзи 31-уми октябр дар мусоҳиба бо телевизиони "Ал-Арабия" ибрози назар кард, вале мушаххас нагуфт, ки Теҳрон дақиқан ин пулро дар кадом вақт масраф намудааст.

Брайан Ҳук дар ин мусоҳиба ҳамчунон гуфтааст, Вашингтон ба таҳримҳо ба зидди Эрон идома медиҳад ва "ин ҳаракат натиҷаи амалкарди Эрон барои бесубот сохтани минтақа аст". Ба қавли ӯ, Вашингтон мехоҳад такя задани Ироқро ба Эрон камтар кунад.

Баъд аз ҳамлаи Амрико ва сарнагунии Саддом Ҳусейн дар Ироқ, Эрон нуфузашро дар ин кишвар афзоиш дод ва аз ҷангҷӯёни қудратманди шиа, ки дар низоъҳо ба зидди ақаллияти суннӣ дахил буданд, ҳимоят кардааст.

Вашингтон ҳанӯз ҳам ба кумакҳои низомӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ ба Бағдод идома медиҳад ва ҳукумати Ироқ талош мекунад, мувозанат дар равобити байни Амрикову Эронро нигаҳ дорад.

Эрон ва Русия аз режими Башор Асад дар Сурия пуштибонӣ мекунанд. Сипоҳи Посдорон ҷангҷӯёни шиаро дар Сурия омӯзиш медиҳад ва аз онҳо ҳимоят мекунад. Теҳрон муддатҳо боз аз Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳам ҳимоят мекунад.

XS
SM
MD
LG