Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳои нави Амрико ба зидди Эрон ва вокуниши Зариф


Муҳаммадҷавод Зариф, вазири корҳои хориҷии Эрон
Муҳаммадҷавод Зариф, вазири корҳои хориҷии Эрон

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, дар вокуниш ба таҳримҳои нави Амрико ба зидди Теҳрон гуфт, “ин таҳримҳо баёнгари муваффақ набудани сиёсатҳои Вашингтон аст”.

Иёлоти Муттаҳида ин дафъа саноати сохтмонии Эронро, ки ба гуфтаи Вашингтон зери назорати Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии ин кишвар аст, ҳадафи таҳримҳо қарор дод.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико рӯзи 1-уми ноябр дар Твиттер навишт: “Иёлоти Муттаҳида фишор ба режими Эронро бо ҳадаф қарор додани саноати сохтмонии он афзоиш медиҳад, ки тавассути Сипоҳи Посдорон, як созмони террористӣ, назорат мешавад.”

Вай дар идома гуфтааст, “ҳар кас ба муомила, фурӯш ва интиқоли манобеъ ба саноати сохтмонии Эрон бипардозад, бо таҳримҳо рӯ ба рӯ хоҳад шуд.”

Аммо Муҳаммадҷавод Зариф дар вокуниш ба ин таҳримҳо дар Твиттер навишт, “Амрико метавонад ҳар мард, зан ва ё кӯдаки эрониро таҳрим кунад, аммо эрониҳо ҳаргиз таслими зӯргӯӣ нахоҳанд шуд.”

Вай бори дигар аз Вашингтон хостааст, ба тавофуқи ҳастаии соли 2015 миёни Эрон ва қудратҳои бузурги ҷаҳон баргардад.

Равобити миёни Вашингтону Теҳрон соли гузашта, замоне тира шуд, ки Амрико аз созиши ҳастаӣ бо Эрон хориҷ шуд ва зидди ин кишвар таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ кард.

XS
SM
MD
LG