Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посбонии нирӯҳои Туркия ва Русия дар шимоли Сурия


Нерӯҳои Туркия ва Русия нахустин посбонии якҷояи худро 1-уми ноябр дар шимолу шарқи Сурия сар карданд, ки аз рӯи созишномаи ҳафтаи гузаштаи миёни Анқара ва Маскав ба даст омадааст.

Вазорати дифои Туркия дар Твиттер хабар дод, ки посбонии якҷоя “бо ҷузъҳои заминӣ ва ҳавоӣ” дар шарқи шаҳри сарҳадии Дарбасияи Сурия идома дорад. Вазорати дифои Русия қабул кард, ки посбонии якҷоя аз кормандони полиси низомии Русия ва марзбонони Туркия дар гузаргоҳи сарҳадии Дарбасия оғоз шудааст.

Корвон аз якчанд мошинҳои зиреҳпӯш иборат аст, аз ҷумла мошинҳои Русия БТР-82, Тигр ва Тайфун ва Кирпи Туркия. Онҳо бояд минтақаи беш аз 110 километрро назорат кунанд.

Телевизиони давлатии Туркия хабар дод, ки корвони якҷоя минтақаи миёни Дарбасия ва Қамишлиро дар фосилаи 10 километр назорат мекунад.

Қувваҳои демократии Сурия бо раҳбарии курдҳо оғози посбониро тасдиқ карданд.

Туркия пас аз он ки президенти ИМА Доналд Трамп эълон кард, ки 9-уми октябр қисми зиёди нерӯҳои Амрикоро аз шимолу шарқи Сурия мебарорад, ба нерӯҳои таҳти раҳбарии курдҳо ҳамла кард.

XS
SM
MD
LG