Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДОИШ кушта шудани Абубакр Бағдодиро тасдиқ кард


Гурӯҳи "Давлати исломӣ" бори нахуст ҳалокати раҳбари худ Абубакр Бағдодиро тасдиқ кард. Дар бораи ҳалокати Бағдодӣ дар "Аъмоқ" -- сомонаи марбут ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" иттилоъ дода шудааст.

Раҳбари пешини ДОИШ дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои ҳавоӣ ва заминии Амрико дар Сурия кушта шуд. Ба гуфтаи президенти ИМА Доналд Трамп, Бағдодӣ худро таркондааст. Маҳали будубоши ӯро яке аз атрофиёни наздикаш ошкор кардааст.

Вазорати дифои Амрико рӯзи чаҳоршанбе аксу видеоҳои амалиётро расонаӣ кард. Дар наворҳо дида мешавад, низомиён ба маҷмаае наздик мешаванд, ки Бағдодӣ ба он паноҳ бурдааст ва ҳавопаймоҳои ҳарбии ИМА ҷангиёнеро, ки дар наздикии маҷмаа ҳастанд, ҳадаф қарор медиҳанд.

Абубакр Бағдодӣ соли 1971 дар Ироқ ба дунё омада буд. Ӯро соли 2004 низомиёни амрикоӣ барои иштирок дар амалиёти зидди онҳо боздошт карданд ва пас аз озод шудан ба гуруҳи пинҳонии ҷангиён пайваста, сипас раҳбари он шуд. Ӯ соли 2014 худро халифа эълом кард. ДИ тайи солҳои раҳбарии ӯ минтақаҳои бузургеро дар Ироқу Сурия ишғол карда, қонуншиканиҳо ва ҳамлаҳои хунине анҷом додааст.

XS
SM
MD
LG