Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба масҷидҳои Узбекистон "тавсия" шуд бо баландгӯяк азон надиҳанд


Сар аз аввали ҳафтаи равон дар масҷидҳои шаҳри Намангон азон гуфтан бо баландгӯяк қатъ шудааст. Фаъоли намангонӣ Аббос Асад 30 октябр ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, "3-4 рӯз мешавад бе баландгӯяк азон медиҳанд".

"Бо дастури имом-хатиби Намангон дар масҷидҳои шаҳр бо баландгӯяк азон намедиҳанд. Чанде пеш бо як муаззин дар ҷанозае вохӯрдам ва аз ӯ пурсидам, ки чаро садои азон шунида намешавад, оё вазъ дар тамоми масҷид ҳаминтавр аст, ӯ гуфт, ки касе аз баланд садо додани азон ба мансабдорон шикоят кардааст",-афзуд Асад.

Хабарнигори бахши узбекии Радиои Озодӣ барои дақиқ кардани вазъ дар вақти намоз ба масҷиди ба номи Ғозӣ Муҳаммадҳоҷии шаҳри Намангон рафт, вале садои азонро нашунид. Намозгурони масҷид гуфтаанд, ки мақомот баланд гуфтани азонро манъ кардаанд.

Як манбаъ дар Идораи мусулмонҳои Узбекистон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, раҳбарияти идора ба масҷидҳо тавсия додааст, ки ҳангоми гуфтани азон аз баландгӯяк истифода накунанд. Зеро бархе аз сокинони Намангон, Фарғона, Андиҷон ва шаҳри Тошканд гӯиё аз баланд гуфтани азон шикоят кардаанд.

Манбаъҳои мо пештар дар бораи як фармони махфии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев аз 4 сентябри соли равон хабар дода буданд. Дар он омадааст, ки дар масҷидҳо азон бояд баланд гуфта нашавад. Ҳамчунин ба Вазорати тандурустии Узбекистон дастур шудааст, ки дар мавриди зарар доштани садои баландгӯяки масҷидҳо ба саломатии инсон хулосаи ҷиддии худро пешниҳод кунад.

XS
SM
MD
LG