Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ барои Мулло Садриддин 18 сол ҳабс талаб кард


Садриддин Муллоев.
Садриддин Муллоев.

Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои Cадриддин Муллоев, сокини шаҳри Кӯлоб, 18 сол зиндонро талаб кардааст.

Садриддин Муллоев, ки ба узвият дар созмони мамнӯи "Ҷамоати таблиғ" муттаҳам мешавад, ба гуфтаи наздиконаш бо ваъдаи афв аз Туркия ба Тоҷикистон баргашт ва рӯзи 21-уми сентябр боздошт гардид. Додситонии кулли Тоҷикистон нисбат ба ӯ бар асоси моддаҳои "терроризм", "зархаридӣ", ва "ташкили иттиҳоди ифротӣ ва иштирок дар он", айб эълон кардааст.

Адвокати Садриддин Муллоев рӯзи 31-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар назар буд, имрӯз мурофиаи навбатии зерҳимояаш баргузор шавад ва ӯ сухани охирини худро ироа кунад, аммо мурофиа ба дигар рӯз гузошта шуд.

Вакили дифоъ ва наздикони Cадриддин Муллоев талаби 18 соли зиндонро дар нисбати ӯ сангин арзёбӣ намуданд. Неъматулло Муллоев, бародари Садриддин Муллоев рӯзи 31-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мурофиаи ахири Сардриддин охири ҳафтаи гузашта баргузор шуда буд ва умедвор буданд, бародараш афв мешавад.

Ҳамсӯҳбатамон таъкид намуд, ки ҳоло ҳам умедворанд, ки додгоҳ дар нисбати Муллоев қонуни афвро татбиқ мекунад. Аммо тибқи қонуни нави афв, афроде, ки бо моддаҳои "терроризм" ва "зархаридӣ" муттаҳам дониста мешавад, шомили афв нахоҳанд шуд. Танҳо ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки бар асоси як моддаи боқимонда, ӯ шомили афв шавад.

Наздикони Cадриддин Муллоев, сокини 35-солаи шаҳри Кӯлоб қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки Муллоевро рӯзи 21-уми сентябр ба Додситонии кулл барои пурсиш даъват намуда, дастгир кардаанд. Вале он замон дар ин ниҳод аз шарҳи боздошти Муллоев худдорӣ карданд.

Хайриддин Муллоев, падари Садриддин қаблан дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки фарзандаш бо ваъдаи мақомот бовар карда, аз шаҳри Истанбули Туркия ба Душанбе баргашт. Ӯ афзуд, "ба ваъдаву ҳарфҳои Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили вазорати корҳои дохилӣ бовар карда омад ва ҳафт моҳ ба зиндагии маъмулӣ машғул буд. Намедонем барои чӣ боз Додситонии кулл ӯро боздошт кардааст".

Боздошти Садриддин Муллоев дар ҳоле буд, ки ӯ пас аз ба Душанбе омадан дар як навори видеоӣ, ки Вазорати умури дохилӣ таҳия кард, гуфта буд, баъди баргаштан ба кишвар мавриди афв қарор гирифтааст. Ӯ дар ин навор, ки моҳи феврали соли равон дар шабакаи Ютуб пахш шуд, мегӯяд, "бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ, бо моддаҳои 307, 187 ва 401-и Кодекси ҷиноӣ нисбаташ парванда боз шуда буд ва баъд аз сӯҳбатҳо бо кормандони УБОП, ба мақсади афв шудан, бо хоҳиши худ баргаштааст".

Ин моддаҳои Кодекси ҷиноӣ ҷавобгариро барои кирдорҳои даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ ва зархаридӣ пешбинӣ намудааст.

Муллоев он замон дар навори видеоӣ мегуфт, ки ҳоло аз узвият дар созмони "Ҷамоати таблиғ" пушаймон аст ва аз он даст кашида, ба зиндагии оддӣ рӯ овардааст. Вай аз афроди дигаре, ки дар хориҷ аз кишваранду нисбаташон парванда боз шудааст, даъват карда буд, ки ба Тоҷикистон баргарданд ва мақомот онҳоро низ афв хоҳанд кард.

"Ҷамоати таблиғ" як созмони мазҳабист, ки бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияташ дар ҳудуди кишвар аз соли 2006 мамнӯъ эълон шудааст. Даҳҳо пайрави ин созмон аз шаҳру навоҳии мухталифи Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шудаанд.

Садриддин Муллоев соҳиби чаҳор фарзанд буда, домоди руҳонии маъруф Мулло Ҳайдар Шарифзода аст. Ӯро дар шаҳри Кӯлоб бо номи мулло Садриддин мешиносанд. Муллоев ба гуфтаи наздиконаш соли 2013 ба Русия сафар мекунад ва баъди як соли муҳоҷират ба Туркия меравад.

Ба қавли наздиконаш, пас аз 5 соли зиндагӣ дар Туркия бо даъвати мақомоти Тоҷикистон, соли 2019 ба кишвар бармегардад. Худи ӯ дар навори видеоии мақомот тасдиқ мекунад, ки аъзои созмони мамнуи "Ҷамоати таблиғ" буд. Маълум нест, ки ин видео дар чӣ шароит сабт шуда, эътирофии Садриддин Муллоев ба узвият дар созмони мамнуъ ихтиёрӣ аст.

Давлати Тоҷикистон соли 2014 ба Кодекси ҷиноятӣ тағйирот ворид кард, ки бар асоси он, афроди гумонбар дар созмонҳои ифротию террористӣ дар сурати ба мақомот иқрор шудан ва изҳори пушаймонӣ кардан, афв мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар оғози соли равон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур дод, ки афроди, ба гуфтаи ӯ, "гумроҳшуда"-ро аз хориҷ ба ватан баргардонанд. Дар гузашта хабарҳо дар бораи афроде, ки ба нияти афв шудан аз хориҷ ба кишвар омада, аз ҷониби мақомот боздошт шуданд расонаӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG