Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Украина бо раҳбари НАТО дар Киев мулоқот кард


Президенти Украина Владимир Зеленский дар шаҳри Киев бо дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг ва гурӯҳи хурди мақомоти НАТО дидору гуфтугӯ кард. Дафтари Зеленский хабар дод, ки дар ин мулоқот доираи хурди мақомот иштирок карданд. Дар паи ин гуфтугӯҳо Зеленский ва Столтенберг дар ҷаласаи комиссиюни Украинаву НАТО иштирок карданд. Столтенберг гуфт, ки НАТО ҳеҷ гоҳ ишғоли нимҷазираи Қрим аз ҷониби Русияро ба расмият намешиносад.

Столтенберг гуфт, созишҳои сулҳ, ки бо ҳадафи ҳалли низоъҳои ҷорӣ дар шарқи Украина миёни ҷудоиталабони рӯ ба Русия ва ҳукумати Украина қабул шудаанд, бояд аз тарафи ҳама ҷонибҳо иҷро шаванд.

Столтенберг инчунин гуфт, ки НАТО талошҳои Зеленский барои ҳалли сулҳомези низоъро пуштибонӣ мекунад.

Столтенберг гуфт: “Президент Зеленский, ман аз ӯҳдадориҳои қавии шумо дар амри ҳалли сулҳомези низоъ ситоиш мекунам. Раҳбариву сарсупурдагии шумо воқеан ҳам натиҷа медиҳад”.

Ӯ гуфт, ки НАТО ба Украина дар амри тақвияти сохторҳои дифоӣ ва нирӯҳои мусаллаҳаш кӯмак мекунад. Столтенберг гуфт, ки Украина бояд ба хотири тамдиди амнияти кишвар ва таъмини узвияти ояндаи он дар НАТО ислоҳотро идома диҳад. Зеленский гуфт, ки Украина барои гузариш ба “сатҳи сифатан нав” ва пайвастан ба Барномаи тавсеаи имкониятҳои НАТО омода аст.

Қарор аст рӯзи 31 октябр Столтенберг дар назди Верховная Рада – парлумони Украина ҳам суханронӣ кунад.

XS
SM
MD
LG