Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Конгресс дар бораи оғози таҳқиқи амалкардҳои Трамп раъйгирӣ мекунад


Маҷлиси Намояндагони Амрико рӯзи 31-уми октябр барои расман оғоз кардани таҳқиқ дар бораи эълони адами эътимод ба раиси ҷумҳур Доналд Трамп овоз медиҳад. Айни замон қарор аст, як мақоми расмии ҳукумати Амрико дар ҳузури гурӯҳи махсуси вакилони Конгресс дар бораи амалкардҳои Доналд Трамп баёнот бидиҳад, ки оё ба қонуншиканӣ роҳ додааст, ё не.

Тим Моррисон, мушовири аршади Доналд Трамп дар умури Русия ва Аврупо, ки аз мақомаш рафтанист, барои сӯҳбат ба Конгресс даъват шудааст. Ҷон Болтон, мушовири собиқи амниятӣ дар ҳукумати Трампро ҳафтаи оянда ба назди вакилон даъват кардаанд, вале вакили дифои хусусии ӯ гуфтааст, ки Болтон бе амри расмӣ барои ҳузур дар Конгресс, сӯҳбат намекунад.

Ҷон Болтон, ки аз моҳи апрели соли 2018 то моҳи сентябри имсол мушовири Доналд Трамп буд, як монеаи аслӣ дар роҳи Кохи Сафед барои фишор ба Украина будааст, то фаъолиятҳои Ҷо Байден, рақиби Трамп ва писараш Ҳантер Байденро таҳқиқ кунад. Ҷон Болтон рӯзи 10-уми сентябр аз мақомаш барканор шуд.

Вакилони демократ мегӯянд, ки Доналд Трамп рӯзи 25-уми июл ҳангоми сӯҳбати телефонӣ бо Володимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина аз ӯ хостааст, дар таҳқиқи фаъолиятҳои Байден ва писараш мусоидат кунад.

Писари Байден узви шӯрои мудирони ширкати украинии "Бурисма" буд. Доналд Трамп мегӯяд, ки кори хатое накардааст ва таҳқиқ барои раъйи адами эътимодро сохта номидааст.

Ҳоло Маҷлиси Намояндагон далел ҷамъ меорад, то маълум кунад, ки оё дар воқеъ Доналд Трамп барои манофеи сиёсии хусусӣ аз мақомаш сӯистифода кардаааст. Агар чунин корро карда бошад, пас ҷиноят ва беэътиноӣ ба қонун ҳисобида мешавад ва барои ин кор вакилон ҳақ доранд, ӯро бар асоси Қонуни Асосии Амрико аз мақомаш барканор кунанд.

XS
SM
MD
LG