Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли зиндонӣ шудани ду қазоқтабори фирорӣ аз Чин


Дархан Дилманов, роҳбари Хадамоти марзбонии Қазоқистон гуфт, ду қазоқтабори фирории Шинҷони Чин - Кастер Мусохонулӣ ва Мурагер Олимулӣ мумкин аст, яксолӣ зиндонӣ шаванд. Ин ду қазоқтабор дар убури ғайриқонунии марз гумонбар мешаванд.

Дилманов ҳамчунин афзуд, масъулони Қазоқистон низ, ки ба вуруди ғайриқонунии фирориҳо иҷозат додаанд, муҷозот хоҳанд шуд.

Мусохонулӣ ва Олимулӣ, ки ибтидои моҳи октябр дар бораи фирорашон аз Чин хабар доданд, боздошт шуда ва айни ҳол дар боздоштгоҳи шаҳри Уст-Каменагори Қазоқистон нигаҳдорӣ мешаванд.

Пештар аз ин хабар расид, ба ду қазоқтабори фирорӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандае дода мешавад, ки дар ҷустуҷӯи паноҳандагӣ ҳастанд.

Дар ин бора Бауирҷон Азанов, вакили мудофеи фирориён хабар дода буд.

Азанов гуфт, интизор меравад, мақомот 29-уми октябр чунин ҳуҷҷатро ба онҳо бидиҳанд. "Ин ҳуҷҷати ибтидоӣ аст, ки дар асоси он мақоми паноҳанда дода хоҳад шуд", - гуфт Азанов дар суҳбат бо расонаҳо.

Кастер Мусохонулӣ ва Мурагер Алимулӣ пештар аз ин бо нашри наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, ки ба далели таъқиби мақомоти Чин тасмим гирифтаанд, фирор кунанд.

Мусохон ва Алимулӣ дар нимаи аввали рӯзи 14-уми октябр нишасти матбуотӣ баргузор карда буданд. Ба гуфтаашон, хонаводаи онҳо дар Чин мондаанд.

Мусохони 30-сола ва Алимулии 25-сола гуфтанд, рӯзи 1-уми октябр марзи давлатии Чинро убур ва 5 рӯз дар минтақаи байни сарҳади ду давлат боқӣ монданд. Танҳо дар рӯзи 6 октябр муваффақ шуданд, ки вориди Қазоқистон шаванд.

Кастер Мусохон гуфт, баъди он аз Чин фирор кард, ки "наздики чаҳор солу ҳашт моҳи охир дар урдугоҳ нигаҳдорӣ мешуд". Мусохон мегӯяд, дар урдугоҳ ба ӯ фишор меоварданд ва латту кӯб мекарданд. Алимулӣ низ аз фишору латту кӯби мақомоти Чин нақл кард.

XS
SM
MD
LG