Зане, ки бовар меравад кӯҳансолтарин сокини Русия мебошад, дар синни 123-солагӣ дар минтақаи Аштархони Русия даргузашт. Хабаргузориҳои русӣ навиштанд, ки Танзила Бисембеева ҳафтаи гузашта даргузашт ва маросими дафнаш 26 октябр дар зодгоҳаш – деҳае воқеъ дар марзи Қазоқистон баргузор шуд. Санадҳои расмӣ мегӯяд, ки Бисембеева қазоқтабор буда, 14 марти соли 1896 таваллуд шудааст.
Аз ӯ се писар, даҳ набера, 13 абера ва ду чабера мондааст.
Соли 2016 исми Бисембеева ба Китоби рекордҳои ҷаҳонии Русия ба унвони кӯҳансолтарин сокини ин кишвар ворид шуд. Вале ин иддао ҳеҷ гоҳ аз ҷониби сохторҳои байналмилалӣ тасдиқ нашудааст.