Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми Кохи Сафед "далелҳои қаблиро" дар бораи Трамп тасдиқ кард


Демократҳои Конгресси Амрико гуфтанд, ки баёноти як мақоми амалкунандаи Кохи Сафед дар чаҳорчӯби таҳқиқи радди салоҳияти президент “далелҳоеро, ки то ҳол шунида будем, тасдиқ мекунанд”. Қонунгузорон аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ гуфтанд, ки президент Доналд Трамп ва тарафдорони ӯ баёноти шоҳидро чандон ҷиддӣ нагирифтанд.

Лейтенант-полковник Александр Виндман ва раиси умури аврупоии Шӯрои амнияти миллӣ рӯзи 29 октябр дар ҷаласаи пушти дарҳои бастаи Маҷлиси намояндагон ҳозир шуд ва ба саволҳои марбут ба қонунмандии аъмоли Трамп дар масъалаи Украина посух дод.

Ӯ танҳо нафаре мебошад, ки ҳангоми сӯҳбати телефонии Трамп ва президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи 25 июл ҳузур дошт. Дар ин сӯҳбат Трамп пешниҳод кард, ки Киев номзади интихоботи президентии ИМА Ҷо Байден ва писари ӯ Ҳантерро, ки бо ширкати энержие дар Украина кор мекунад, мавриди таҳқиқи ҷиноӣ қарор диҳад.

Виндман бар асоси матни аз пеш омодакардааш гуфт, “ман аз ин сӯҳбат нигарон шудам”. Ӯ гуфт, “Фикр кардам, ки аз як ҳукумати хориҷӣ талаб кардани таҳқиқи кори шаҳрванди хориҷӣ дуруст нест ва ман аз таъсири он ба кӯмакҳои ҳукумати ИМА ба Украина нигарон шудам”.

Виндман дар Украинаи шӯравӣ таваллуд шуда, дар соли 1979, замоне, ки се сол дошт, ба ИМА кӯчид. Ӯ собиқаи 20-солаи кор ба ҳайси як афсари низомиро дорад, аз соли 2008 дар умури низомии хориҷӣ бо тамаркузи бештар болои масоили Авруосиё кор кардааст. Замоне дар Маскаву Киев ҳам кор кардааст.
Июли соли 2018 Виндман барои кор ба Шӯрои амнияти миллӣ дар Кохи Сафед пазируфта шуд.

Қонунгузорони демократ гуфтанд, ки дар баёноти худ Виндман ба гуфтаҳои шоҳидони дигари фошкардаи сӯҳбатҳои Трамп бо Зеленский далели бештар илова кард. Онҳо гуфтанд, ки пеш аз овоз додан дар Маҷлиси намояндагон дар заминаи шурӯи ҷараёни радди салоҳияти Трамп - Виндман ҷузъиёти наве илова кард.

“Ин як достон аст. Вале намешавад гуфт, ки аз тамоми гуфтаҳои ӯ мешавад як сархате сохт”, гуфт Том Малиновски, намояндаи демократҳо аз Ню Ҷерсӣ дар Маҷлиси намояндагон. АР аз номи ӯ навишт, ки “ҳар як шоҳид аз дидгоҳи худ ба далели марказии ин қисса ҷузъиёти тасдиқкунандае ворид кард”.
Вале дар саҳифаи Твиттераш ҳамон рӯз Трамп даъват ба радди салоҳиятро “як шармандагӣ” хонд ва гуфт, ки Виндман “ҳеҷ гоҳ тарафдори Трамп набуд”.

Бар асоси санадҳои интихоботӣ, дар гузашта Виндман узви ҳизби демократ будааст.

Бархе муттафиқони ҷумҳурихоҳи Трамп баёноти Виндманро чандон ҷиддӣ нашумурданд ваё дар заминаи садоқати ӯ ба ИМА шубҳа баён карданд.

Бархе дигар ватандӯстии Виндманро зери суол бурда, чанд мақоми баландпояи маъмурияти Кохи Сафед гуфтанд, ки ин мақом аз умури амнияти миллӣ бо президент сари “сиёсати марбут ба Украина” ихтилоф дорад.
Вакил Шон Даффи (ҷумҳурихоҳ аз Висконсин) гуфт, ки Виндман метавонад бо Украина дар тамос бошад ва аз ин хотир ин чиз ба назари ӯ таъсиргузор мешавад.

Замоне, ки Трамп бо Зеленский сӯҳбат кард, ба қарори ӯ оиди боздоштани ёриҳои низомӣ ба Украина рост омад.

Даффи дар сӯҳбат бо CNN гуфт, Виндман «аз вазъ дар Украина фавқулодда нигарон аст. Вале ман дар бораи нигарониҳои ӯ дар робита бо сиёсати Амрико чизе намедонам. Рисолати аслии ӯ ин аст, ки Украина ба силоҳ даст ёбад. Ман инро дарк мекунам. Ҳамаи мо ба ватане, ки аз он ҷо омадаем, робита дорем”.
Вале бархе дигар ҷумҳурихоҳҳо ба ҳимояти Виндман баланд шуданд. Лиз Чейнӣ (ҷумҳурихоҳ аз Виёминг) гуфт, ки ватандӯстии ӯро интиқод кардан “як шармандагӣ” аст.

Собиқ сафири ИМА дар Русия Майкл МакФолл, ки дар Маскав бо Виндман кор кардааст, иттиҳомоти зидди Виндманро беасос хонд. Ӯ гуфт, “Виндман сесола буд. Аз барои худо, ӯ як муҳоҷири яҳудӣ аст. Ин замоне буд, ки мо дар андешаи озодиҳои динӣ талош доштем ҳамчун қавми яҳуд аз Иттиҳоди Шӯравӣ берун шавем”. МакФолл гуфт, “фикри оддии ин ки ӯ ба Украина садоқат дорад, таҳқиромез ва хеле соддалавҳона мебошад ва аз назари ман хеле ғайриамрикоӣ аст”.


Виндман баъди сӯҳбати телефонии Трамп бо Зеленский рӯзи 25 июл ду дафъа раҳбари Шӯрои амнияти миллиро дар бораи нигарониҳояш аз сиёсати ИМА дар нисбати Украина огаҳ кард. Ӯ инчунин баъди мулоқоти 10 июл бо Гордон Сондланд, сафири ИМА дар Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ки дархости Амрико аз Украина барои таҳқиқи ҷиноии Байден ва писараш “ба амнияти миллӣ” ҳеҷ рабте надорад.

XS
SM
MD
LG