Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масоили амнияту мубориза бо терроризм дар дидори Патрушев ва Раҳмон баррасӣ шуд


акс аз вебсайти president.tj
акс аз вебсайти president.tj

Дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев дар Душанбе бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Вебсайти президенти Тоҷикистон ва ҳам Шӯрои амнияти Русия мегӯяд, ки дар ин дидор масоили марбут ба ҳамкориҳо дар бахши амният, аз ҷумла, мубориза бо терроризм баррасӣ шуд. Ҷузъиёти бештар аз ин дар даст нест. Танҳо гуфта мешавад, ки ду мақом дар бораи ҳамкорҳои Тоҷикистону Русия дар доираи барномаҳои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ сӯҳбат карданд.

Патрушев рӯзи чоршанбе бо ҳадафи ширкат дар як нишасти кории коршиносони дастгоҳҳои шӯроҳои амнияти Тоҷикистон ва Русия вориди Душанбе шуд. Инчунин мулоқоти Патрушев ва дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ҳам дар назар аст.

Хабарнигорон мустақил ба ин ҷаласаҳо роҳ дода намешаванд. Як хабарнигори оҷонсии русӣ дар Тоҷикистон гуфт, ки тамоми дидору гуфтугӯҳои мақомоти Шӯрои амнияти ду кишвар пушти дарҳои баста ҷараён мегирад.

Вале як манбаи наздик ба музокирот гуфт, ки дар ҷараёни мулоқоти коршиносону аъзои Шӯрои амнияти милии Тоҷикистон ва Русия "вазъи амниятӣ дар Афғонистон, таҳдидҳои экстремизм ва терроризми байналмилалӣ, ҳамоҳангсозии барномаҳои кории ду ҷониб, ба вижа табодули иттило баррасӣ мешавад".

Бархе ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, ки сафари Патрушев дар ҳолест, ки дар чанд моҳи охир ҳамкориву рафтуомадҳои мақомоти тоҷику рус бештар шудааст.

Тоҷикистону Русия худро шарикони стратегӣ меноманд ва бар асоси созишномаи байниҳукуматӣ, пойгоҳи низомии 201-уми Русия бо беш аз 7 ҳазор сарбозаш дар Тоҷикистон мустақар шудааст. Русия мегӯяд, ки дар ростои таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ аз марзҳои Афғонистон ба Тоҷикистон кӯмак мекунад.

Оҷонсии ТАСС бо такя ба дафтари матбуоти Шӯрои амнияти Русия гуфт, ки Патрушев дар чаҳорчӯби сафари дурӯза ба минтақа нахуст аз Душанбе ва баъдан аз Тошканд дидан мекунад. Фардо дар Узбекистон машваратҳои миёни дастгоҳҳои Шӯрои амнияти Русияву Узбекистон дар назар аст. Бори охир Патрушев соли 2017 аз Тоҷикистон дидан карда буд.

XS
SM
MD
LG