Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби созишномаи $350 млн доллар кӯмаки бебозгашти Чин ба Тоҷикистон


Бо тасдиқи як созишнома аз сӯи вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, дар назар аст, ки Чин ба Тоҷикистон беш аз 350 миллион доллар кӯмаки бебозгашт намояд. Рӯзи 30-юми октябр вакилони Маҷлиси Намояндагон созишномаи байниҳукуматӣ миёни Чину Тоҷикистонро дар бораи пешниҳоди кӯмаки бебозгашт қабул намуданд.

Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон зимни муаррифии созишнома дар парлумон гуфт, "бо мақсади рушд ва густариши ҳамкориҳо, ин созишномаро 15-уми июни соли 2019 дар ҷараёни сафари президенти Чин ба Тоҷикистон, аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон вазири рушди иқтисод ба имзо расонида буд".

Ӯ таъкид намуд, ки ҳаҷми кӯмаки бебозгашт дар доираи созишнома 2,5 миллиард юани чинӣ, (баробар ба беш аз 350 миллион доллари амрикоӣ)-ро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи Ҳикматуллозода, қисме аз маблағи пешбинишуда барои омодаву татбиқи марҳилаи сеюми лоиҳаи барқарорсозии роҳҳои Бохтару Кӯлоб, марҳилаи дуюми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулма ва ғайраҳо равона карда мешаванд.

Чин яке аз сармоягузорони асосии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ширкатҳои чинӣ истихроҷи аксар конҳои тилои Тоҷикистонро дар даст доранд. Соли гузашта мизони додугирифт миёни Тоҷикистону Чин аз марзи якуним миллиард доллар гузаштааст. Се сол пеш ду кишвар аҳд бастанд, ки мизони табодули молу коло миёни Тоҷикистон ва Чинро то соли 2020 то 3 миллиард доллар афзоиш медиҳанд.

XS
SM
MD
LG