Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои омбудсмени пешини қирғиз зидди ТВ "Апрел" рад шуд


Турсунбек Акун.
Турсунбек Акун.

Додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Бишкек шикояти собиқ ваколатдори ҳуқуқи инсон ё худ омбудсмени Қирғизистон Турсунбек Акунро зидди телевизиони "Апрел" ва рӯзноманигор Канат Каниметов рад кард.

"Додрас гуфт, ки мавод кофӣ нест. Вакили дифоъ тамоми мавод, бо шумули наворҳои видеоӣ ва садоиро дорад. Ҳамаро ба додгоҳ пешниҳод кардем. Вале додгоҳи Октябр аз баррасии шикоят худдорӣ кард. Мо ба додгоҳи ноҳияи дигар муроҷиат хоҳем кард", - хабар дод Акун.

Акун афзуд, ки аз болои ин қарори додраси Додгоҳи Октябр ба Шӯрои додрасҳои Қирғизистон шикоят мебарад.

Турсунбек Акун моҳи июли соли равон зидди телевизиони "Апрел" ва рӯзноманигораш шикоят бурда, гуфт, онҳо бо пахши гузорише дар бораи он ки гӯиё омбудсмен аз хоҳари саркардаи олами ҷиноӣ Азиз Батукаев 100 ҳазор доллар пора гирифтааст, шаъну шарафи вайро паст задаанд.

Телевизиони "Апрел" ба даъвои Акун вокуниш нишон дода, гуфт, "аз тасмими ӯ барои барқарор кардани обрӯяш тавассути додгоҳ истиқбол мекунад".

Соли 2013 додгоҳи шаҳрии Норини Қирғизистон дар асоси ташхиси табибон қарори пеш аз муҳлат озод кардани Азиз Батукаевро қабул кард. Батукаев ҳамон рӯзи озодшавиаш аз Бишкек ба Русия парвоз кард. Ин ҳодиса баҳси густардаеро ба миён овард.

Дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод шудани Батукаев зидди як қатор мансабдорони вақти қирғиз тафтишот оғоз шудааст. Дар миёни онҳо вазири пешини тандурустӣ Динара Сагинбаева, мушовири пешини раҳбари Хадамоти зиндонҳо Калибек Качкиналиев, муовини пешини сарвазир Шомил Атахонов, додситони кулли пешини Қирғизистон Аида Салянова ва чандин табиб низ ҳастанд.

Дар робита ба озодии Батукаев зидди президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев низ айб эълом шуд.

XS
SM
MD
LG