Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина хуруҷи нирӯҳояшро аз шарқи кишвар оғоз кард


26 октябри соли 2019, шаҳри Золоте
26 октябри соли 2019, шаҳри Золоте

Вазири хориҷаи Украина Вадим Пристайко гуфт, ки берункашии нақшавии нирӯҳо аз шаҳри Золоте, воқеъ дар минтақаи Луҳанк шурӯъ шуд. Беш аз панҷ сол аст, ки нирӯҳои мусаллаҳи Украина дар шарқи ин кишвар бо ҷудоиталабони рӯ ба Русия дар ҳолати ҷанг қарор доранд. Пристайко дар як конфронси бахшида ба масоили сармоягузорӣ дар шаҳри Мариупол рӯзи 29 октябр суханронӣ кард ва гуфт, ки “хуруҷи нирӯҳо ҳамин ҳоло ҷараён дорад, мо имрӯз (ин барномаро) шурӯъ кардем”. Ӯ афзуд, ки татбиқи барномаи берункашии нирӯҳо бо сабаби таъхир дар барномаи омодагии САҲА рух дод. Пристайко инчунин гуфт, ки баъди хатми ҷараёни хуруҷи нирӯҳо дар Золоте, Киев айни чунин корро дар шаҳри ҳамсояи Петривске ба роҳ мемонад. Президенти Украина Владимир Зеленский, ки соли ҷорӣ дар интихобот бо ваъдаи хатми ҷанг пирӯз шуд, барномаи берункашии нирӯҳоро қабул кард. Ин барнома, ки оғози октябр тасдиқ шуд, бо исми рамзии “Формулаи Штейнмайер” маъруф аст. Формулаи Штейнмайер заминаҳои созишҳои бештари сулҳро фароҳам меорад, ки дар “тавофуқҳои Минск” дарҷ шудаанд. Аз барномҳое, ки президент Зеленский пуштибонӣ мекунад, бархе мухолифон, аз ҷумла, гурӯҳҳоҳи ростгаро, бархе созмонҳои собиқадорони ҷанг ва фаъолони украинӣ интиқод кардаанд.

XS
SM
MD
LG