Вазорати дифои Русия ба комёбии амалиёте дар Сурия шубҳа дорад, ки ба гуфтаи президенти ИМА Доналд Трамп, дар натиҷаи он раҳбари гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИ) Абубакр Бағдодӣ кушта шудааст.
"Афзоиши шумори иштирокдорони бевосита ва кишварҳое, ки гӯиё дар амалиёт ширкат доштанду ҳар кадом ҷузъиёти зидду нақизи худро доранд, шубҳаеро ба миён оварда, воқеӣ будани амалиёт, аз ҷумла комёбии онро зери суол мебарад", – навиштааст хабаргузории "Интерфакс" бо истинод аз суханони намояндаи расмии Вазорати дифои Русия Игор Конашенков.
Конашенков гуфт, Вазорати дифои Русия аз иштироки низомиёни ин кишвар дар амалиёти мазкур хабар надорад. Пештар Трамп гуфта буд, ки низомиёни рус ба чархболҳои амрико иҷозат доданд, то ҳангоми анҷоми амалиёт дар осмони минтақаи зери назорати онҳо парвоз кунанд.
Ба гуфтаи Конашенков, тайи рӯзҳои ахир ҳамлаҳои нерӯҳои ҳавоии ИМА дар Сурия ба қайд гирифта нашудааст. Намояндаи Вазорати дифои Русия афзуд, ки "марг"-и навбатии раҳбари ДИ ба вазъ дар Сурия таъсири фаврие нахоҳад расонд. Вазорати дифои Русия аз ИМА далелҳоеро хост, ки кушта шудани Бағдодиро тасдиқ мекунанд.