Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири пешини Қирғизистон иҷборан ба додгоҳ оварда мешавад


Сафар Исҳоқов, сарвазири пешини Қирғизистон, ки айни ҳол дар боздоштгоҳ қарор дорад, дар сурати иштирок накардан дар додгоҳ, иҷборан ба ҷаласаи додгоҳӣ бурда мешавад.

Дар ин бора додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек қарор қабул кард. Ин додгоҳ парвандаи марбут ба фасодкорӣ дар ҷараёни бозсозии маркази гармидиҳии шаҳри Бишкекро баррасӣ мекунад.

Сафар Исҳоқов 25 октябр нахост утоқи боздоштгоҳро тарк ва дар ҷаласаи додоҳӣ ширкат кунад. Вай гуфт, бархе аз шоҳидони парвандаи фасодкории маркази гармидиҳӣ бозпурсӣ нашудаанд ва биноан ӯ низ дар додгоҳ ширкат нахоҳад кард.

Баъди садамаи 26 январи соли 2018 дар маркази гармидиҳии Бишкек се парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Яке аз ин парвандаҳо марбут ба фасодкорӣ ҳангоми интихоби ширкати кироякор аст. Тафтишот мегӯяд, шахсони масъул аз манфиатҳои ширкати TBEA ҷонибдорӣ кардаанд.

Ҳашт тан аз мансабдорони баландпояи Қирғизистон - аз ҷумла сарвазирони пешин Сафар Исҳоқов ва Жантор Сотиболдиев, вазири пешини энержӣ, раиси пешини Холдинги миллии энержӣ, роҳбари ширкати пойгоҳҳои барқӣ, вазири молияи Қирғизистон дар доираи парвандаи мазкур айбдор мешаванд.

XS
SM
MD
LG