Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар фурудгоҳҳои Узбекистон назорати занҳои ҳиҷобдор сахттар шуд


Занҳо ва духтарони ҳиҷобпӯшро дар фурудгоҳҳои Узбекистон аз тафтиши сахт мегузаронанд. На кормандони фурудгоҳ ва на занҳои ҳиҷобдор натавонистанд, шарҳ диҳанд, ки ин тафтишҳо дар кадом асос сурат мегиранд.

Як зани ҳиҷобпӯш, ки субҳи 24 октябр аз Истамбул ба Тошканд баргашт, гуфт, дар фурудгоҳ занҳои ҳиҷобпӯшро нисбат ба занҳои беҳиҷоб бештар тафтиш карданд.

"Ман дар навбат меистодам. Пеш аз ман як зани ҳиҷобпӯш меистод. Аз вай хостанд, ки ҳангоми аз тафтиши гумрукӣ гузаштан рӯймоли сарашро гирад. Навбати ман расид. Аз ман ҳам хоҳиш карданд, ки рӯймоламро гирам. Баъд маро аз чанд самт акс гирифтанд. Вақте ман пурсидам, ки чаро чунин мекунанд, гуфтанд, фармон чунин аст, ки занҳои ҳиҷобпӯшро акс гиранд. Занҳои беҳиҷоб бе мушкил аз гумрук мегузаштанд",-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Дар суҳбат бо расонаҳо кормандони фурудгоҳҳои шаҳри Тошканд, Бухоро, Андиҷон, Фарғона ва Урганҷи Узбекистон ҷо доштани санҷишҳои сахтро рад накарданд.

Моҳи ҷорӣ бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар дод, ки президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев фармони махфие имзо кардааст. Дар ҳуҷҷат аз маъракаи зидди ришу ҳиҷоб сухан меравад. Дар асоси ин ҳуҷҷат, дар саросари Узбекистон барӯйхатгирии занҳои ҳиҷобпӯш тартиб дода мешавад.

XS
SM
MD
LG