Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Халилзод ба Кобул, баъд аз қатъи музокирот бо Толибон


Залмай Халилзод
Залмай Халилзод

Залмай Халилзод – фиристодаи хоси Амрико барои сулҳи Афғонистон – рӯзи 27-уми октябр ба Кобул рафтааст. Ин сафари нахустини ӯ баъд аз қатъи музокироти Амрико бо Толибон барои хатми ҷанги ҳаждаҳсола дар Афғонистон аст.

Пеш аз рафтанаш ба Кобул, Халилзод барои азсаргирии музокироти сулҳ силсилаи мулоқот баргузор кард. Аз ҷумла, дар оғози моҳи октябр вай бо намояндагони Толибон дар Покистон гуфтугӯ дошт.

Иёлоти Муттаҳида, Созмони Милал ва Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 22-юми октябр дар баёнияи муштарак тааҳуди худро барои даст ёфтан ба “тавофуқномаи сулҳи пойдор” дар Афғонистон ёдрас карданд.

Залмай Халилзод ва намояндагони Толибон тақрибан як соли худро сарфи музокироти сулҳ карданд, ки имкон медод дар ивази кафолати амният Иёлоти Муттаҳида нерӯҳои худро аз Афғонистон берун кунад.

XS
SM
MD
LG