Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи Вазорати умури хориҷии ИМА гуфт, аз ҳаққи кормандони Радиои Озодӣ ҳимоят мекунад


Акс аз саҳифаи фесбукии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон
Акс аз саҳифаи фесбукии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон

Элис Уэллс, Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар як изҳорот гуфтааст, ки аз маъракаи байналмилалии талаби иҷозаи корӣ ба рӯзноманигор ва кормандони Бахши Тоҷикии Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ пуштибонӣ мекунад.

Изҳороти Ёвари котиби давлатии ИМА рӯзи 26-уми октябр дар саҳифаи фейсбукии сафорати Амрико дар Тоҷикистон нашр шуд.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки “мо даъвати Радиои Аврупои Озод, САҲА, Комиссияи Хелсинки, Ҳайати мушовараи озодии матбуоти Конгресси Амрико, Анҷумани миллии расонаҳои мустақил (НАНСМИТ), ва Шӯрои ВАО-и Тоҷикистонро аз мақомоти Тоҷикистон барои тамдид намудани аккредитатсияи рӯзноманигорони Радиои Озодӣ дастгирӣ мекунем».

“Озодии иттилоот барои рушди ҷомеаи воқеан демократӣ муҳим аст”,--гуфтааст, Ёвари котиби давлатии ИМА Элис Уэллс.

Маъракаи талаби иҷозаи корӣ ба рӯзноманигор ва кормандони бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ дар сатҳи байналмилалӣ пуштибонии бештар пайдо кардааст.

Аз ин пеш, рӯзи 25-уми октябр аъзои Сенат, палатаи болоии порлумони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки масъалаи додани иҷозатномаи кор ба кормандони Бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар Душанберо бар асоси қонунҳои дохилӣ ва конвенсияҳои байналмилалӣ баррасӣ ва ҳал кунанд.

Сенаторон Ҷеймс Рич (James Risch ), Роберт Менендз (Robert Menendez), Марко Рубио (Marco Rubio) ва Роберт Кейзӣ (Robert Casey) изҳор доштаанд, ки "бисёр муҳим аст, ки Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ ва дигар расонаҳо иҷозат диҳад, ки озодона фаъолият кунанд".

Пештар, рӯзи 9-уми октябр, дар номаи Ҳайати мушовараи Маҷлили намояндагони ИМА, онро ба намояндагӣ аз демократҳо Адам.Б.Счифф (Adam B. Schiff) ва ҷумҳурихоҳон Стив Чабот (Steve Chabot) имзо кардаанд, бо изҳори нигаронӣ, ки иҷозатномаи кор (акредитасия) ҳамчун монеа ва талоше барои таъсир расонидан ба фаъолияти мустақили рӯзноманигории Радиои Озодӣ, истифода мешавад, даъват шуда буд, ки ба кормандони Бахш “зудтар иҷозаи кор дода шавад”.

Созмонҳои мустақили кор бо хабарнигорон дар дохили Тоҷикистон низ дар ин мавзуъ садо баланд кардан. Анҷумани миллии расонаҳои мустақил (НАНСМИТ) ва Шӯрои Васоити Ахбори Оммаи Тоҷикистон аз мушкили сабтиноми хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ изҳори нигаронӣ карда буданд.

Ҳарлем Дезир, масъули Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии баён низ, аз мушкили хабарнигорони Радиои Озодӣ барои дарёфти иҷозаи кор дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст. Ӯ рӯзи 23-юми октябр дар Твиттер навишт: "Аз мушкили давомдори кормандони Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон дар робита ба дарёфти иҷозати кор нигарон ҳастам".

Ҳарлем Дезир аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардааст, ҳар чӣ зуд роҳи ҳалле пайдо кунанд.

Феълан, нӯҳ хабарнигор ва корманди Радиои Озодӣ аз ҳаққи кор маҳруманд, чун бар асоси қонунҳои Тоҷикистон онҳо бидуни аккредитатсияи Вазорати корҳои хориҷӣ иҷозаи кор надоранд. Се нафар аз ин шумор рӯзноманигороне ҳастанд, ки тоза барои кор ба Радиои Озодӣ даъват шудаанд ва шаш нафар моҳҳо боз, ҳатто яке аз соли 2017 дар интизори дарёфти иҷозаи кор ҳастанд.

Аккредитатсияи Бароталӣ Назаров (Барот Юсуфӣ), журналисти дигари Бахшро моҳи июн Вазорати хориҷии Тоҷикистон бозхонд кард ва ӯро аз ҳаққи кор маҳрум кард. Рӯзи 1-уми ноябр мӯҳлати иҷозаи кори нӯҳ нафари дигар ба поён мерасад.

Сироҷиддини Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии моҳи августи имсол гуфт, ки “ҳаргиз ин ҷо дафтари Радиои Озодиро намебанданд, вале шояд он хабарнигорони Радиои Озодиро, ки бо мақолаҳояшон ба сиёсати ҷории ҳукумат хурдтарин зарар мерасонанд, сабти ном намекунем”.

Моҳе пас аз ин, Ҷейммӣ Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар сӯҳбате бо вазир дар Душанбе аз ӯ ва ҳамкоронаш дар ҳукумат даъват кард, ки аккредитатсияро ба ҳайси фишор болои хабарнигорон истифода накунанд ва ба онҳо иҷоза диҳанд, ки кори худро давом дода тавонанд.

Мақомоти тоҷик аккредитатсияро ҳамчун василаи фишор ва қасос аз журналистон истифода мекунад.

Ин барои бори авал нест, ки раванди дарёфти иҷозатномаи кор боиси нигарониҳо мешавад. Дар соли 2016 низ пас аз нашри як мақола дар мавриди мақоми нави яке аз духтарони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати умури хориҷӣ, ин вазорат аккредитасияи шаш корманди Радиои Озодиро бозхонд карда буд.

Радиои Озодӣ яке аз чанд охирин манбаъҳои хабарҳои мустақил аст, ки бо гузориш додан аз воқеаҳое, ки расонаҳои давлатӣ аз онҳо хабар намедиҳанд, шунаванда ва бинандаи бешумор дорад. Шабакаи Ютюби он бо 828 000 обунаҷӣ ва 195 миллион биниши видеоҳояш дар як соли гузашта дар Тоҷикистон маъруф аст. Сафҳаи фейсбукии он 184 000 пайрав дошта, танҳо видеоҳои он дар як сол 14 миллион бор дида шудаанд.

XS
SM
MD
LG