Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАНСМИТ ва Шӯрои ВАО хостанд, мушкили хабарнигорони Озодӣ ҳал шавад


Кормандони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанбе
Кормандони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанбе

Анҷумани миллии расонаҳои мустақил (НАНСМИТ) ва Шӯрои Васоити Ахбори Оммаи Тоҷикистон аз мушкили сабтиноми хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ изҳори нигаронӣ карданд.

Ду созмони ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон рӯзи 23-юми октябр дар изҳороте аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки аккредитатсия ё сабтиноми хабарнигорони хориҷиро ҳамчун абзор ё василаи маҳдуд кардани озодии сухан дар кишвар истифода накунанд.

Ҳоло 5 хабарнигори Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон аз шаш моҳ то ду сол боз аз ҳаққи кор маҳруманд ва якуми ноябр шояд охирин рӯзи кории 9 нафари дигар шавад.

Мақомоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба номаҳои пайваста дар бораи додани иҷозаи кор ба хабарнигорони Радиои Озодӣ посух надодааст.

Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ва Шӯрои Васоити Ахбори Оммаи Тоҷикистон мегӯянд, мақомоти расмӣ муҳлати таъйиншуда барои посух гуфтан ба номаҳоро риоят намекунанд. Мақомот муваззафанд, ки ба номаҳо дар ҳудуди то як моҳ ҷавоб гӯянд.

Аз ин пеш чанд намояндаи Конгресси Амрико аз вазъияти пешомада шадидан нигаронӣ карда, дар номае ба президенти Тоҷикистон гуфта буданд, “идома ёфтани чунин вазъият эҳтимол ба муносибатҳои Амрико ва Тоҷикистон осеб расонад ва ба обрӯи Тоҷикистон латма занад”.

Дар изҳороти НАНСМИТ ва Шӯрои ВАО ҳам гуфта шудааст, “сабтиноми хабарнигорон бояд ба фаъолияти қонунии онҳо мусоидат кунад, на ин ки монеи фаъолияти касбии онҳо шавад. Усули истибдодии сабтиноми хабарнигорон ба обрӯи кишвар дар ҷаҳони иттилоотӣ таъсири бад хоҳад гузошт.”

“Мо наметавонем ба мушкили ҳамкорони худ аз Радиои Озодӣ бетараф бошем. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ва шароити пешомада дар масъалаи сабтином ҳуқуқи онҳоро барои кор ва маоши арзанда поймол мекунад”, -- гуфта шудааст дар изҳорот.

Муаллифон аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардаанд, ки Низомнома дар бораи аккредитатсияи хабарнигоронро бозбинӣ карда, онро ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ кунад. Онҳо гуфтаанд, созмонҳои хабарнигороӣ барои кумак дар ин кор омодаанд.

Бори аввал нест, ки раванди дарёфти иҷозатномаи кор боис ба нигарониҳо мешавад. Дар соли 2016 низ пас аз нашри як мақола дар мавриди мақоми нави яке аз духтарони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати умури хориҷӣ, ин вазорат аккредитасияи шаш корманди Радиои Озодиро бозхонд карда буд.

Ҳамон сол намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот бо нашри як баёния, аз сӯи бархе кишварҳои аъзо истифода шудани аккредитасияро ҳамчун "иҷозаи кор" (work permit) интиқод кард ва эълон намуд, ки аккредитасия набояд ба унвони абзоре барои назорати муҳтаво хизмат кунад.

XS
SM
MD
LG