Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мария Бутина аз Амрико ба Русия баргашт


Мария Бутина бо Мария Захарова, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия
Мария Бутина бо Мария Захарова, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия

Мария Бутина, як шаҳрванди Русия ва раиси созмони ҷамъиятии ҳуқуқи нигаҳдории силоҳ, ки дар ИМА барои ҷосусӣ маҳкум шуда буд, пас аз як рӯзи раҳоӣ аз зиндони Флорида ба Маскав баргашт.

Ӯ рӯзи 25-уми октябр аз зиндони Флорида озод шуд ва мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки ӯ ба ватанаш истирдод мешавад.

Мария Бутина дар фурудгоҳ бо хабарнигорон сӯҳбат кард ва гуфт, ки "ба ҳамаи онҳое, ки барои озодии ӯ талош карданд ва маблағ сарф карданд, ташаккур мекунад".

Ӯ дар ИМА барои фаъолияташ ба унвони агенти сабтношуда маҳкум шуда буд.

Бутина моҳи апрел ба 18 моҳи зиндон маҳкум шуд. Ӯ эътироф кард, ки дар Анҷумани миллии силоҳ ва дигар созмонҳои амрикоӣ зери назари як собиқ узви парлумон ба ҷамъоварии иттилоъ машғул буд. Фурсате, ки ӯ дар интизори додгоҳ дар боздоштгоҳ сипарӣ кард, ҳамчунин ба ҳисоб гирифта шуд. Ӯ эътироф кардааст, ки бояд дар назди ҳукумати ИМА сабтином мешуд, вале таъкид кардааст, ки ҷосус набуд ва тамоми фаъолиятҳояш ошкор сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG