Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири мудофиаи ИМА интиқоли нерӯ ба шарқи Сурияро тасдиқ кард


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико расман тасдиқ кард, ки як воҳиди низомиро дар шарқи Сурия мустақар мекунад.

Марк Эспер, вазири мудофиаи ИМА рӯзи ҷумъа дар нишасти матбуотие дар қароргоҳи НАТО дар Брюсел гуфт, ки ҳадаф аз мустақар кардани нерӯҳо ҳифзи чоҳҳои нафтӣ аз ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» аст.

Дар чанд рӯзи ахир Доналд Трамп, президенти Амрико борҳо дар ин маврид изҳорот дода буд.

Вазири мудофиа ҳеҷ ҷузъиёте дар ин бора надод, вале матбуот бо такя ба манобеи худ дар Пентагон навиштанд, ки сӯҳбат дар бораи мустақар кардани садҳо сарбоз ва техникаи зиреҳпӯш, аз ҷумла тонкҳо меравад.

6-уми октябр Доналд Трамп, президенти Амрико фармон дод, ки нерӯҳои амрикоӣ аз шимоли Сурия, наздики марзи Туркия берун шаванд. Дар ин минтақа нерӯҳои курд қарор доранд, ки дар ҷанг алайҳи гурӯҳи тундрави ДИИШ ҳампаймони Амрико буданд.

Рӯзе пас аз қарори президенти ИМА Туркия амалиёти низомиро алайҳи нерӯҳои курд оғоз кард.

Ҳоло дар ин минтақа бо миёнаравии ИМА оташбас эълон шудааст. Туркия нерӯҳои курдро «террорист» мехонад ва мегӯяд, ҳадафаш аз амалиёти низомӣ эҷоди минтақаи амн дар марзҳои кишвараш аст.

XS
SM
MD
LG