Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар тазоҳуроти мардум дар Ироқ 24 нафар кушта шуд


Дидбони миллии ҳуқуқи башари Ироқ хабар додааст, ки дар мавҷи нави тазоҳуроти дирӯз, 25-уми октябр дар Бағдод ва шаҳрҳои ҷануби ин кишвар 24 нафар кушта шуданд.

Тазоҳуроти 25-уми октябр чанд ҳафта баъд аз эътирози давомдори мардуми Ироқ баргузор шуд, ки дар он то 150 нафар кушта шуда буданд.

Бо оғоз шудани тазоҳурот, чанд ҳафта баъд аз тавақуфи он, пулис алайҳи мардум аз гази ашковар ва гулулаҳо истифода кард.

Тазоҳуркунандагон зидди фасод дар идораҳои давлатӣ, бекорӣ ва набуди хадамоти ибтидоӣ дар кишвар садо баланд мекунанд.

XS
SM
MD
LG