Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мария Бутина баъди 18 моҳи ҳабс дар ИМА озод ва истирдод мешавад


Мария Бутина, як шаҳрванди Русия ва раиси созмони ҷамъиятии ҳуқуқи нигаҳдории силоҳ, ки дар ИМА барои ҷосусӣ маҳкум шудааст, қарор аст аз зиндони Флорида озод ва ба ватанаш истирдод шавад. Мария Бутина, ки дар ИМА барои фаъолияташ ба унвони агенти сабтношуда маҳкум шуда буд, қарор аст 25 октябр аз зиндон дар Флорида озод шуда ба Русия истирдод шавад. Вакили ӯ Боб Дрисколл ба оҷонсии dpa гуфт, ки Бутинаро дар роҳ ба Русия ходимони идораи муҳоҷирати ИМА ҳамроҳӣ хоҳанд кард. Хабаргузории давлатии ТАСС-и Русия дар нақли қавл аз Анатолий Антонов, сафири ин кишвар дар ИМА гуфт, ки дар Департаменти давлатии ИМА ба ӯ гуфтанд, “Мария аз зиндони федеролии Талаҳасси ба маркази муҳоҷират дар шаҳри Майамӣ интиқол меёбад ва баъди он худи ҳамон рӯз ба Маскав парвоз хоҳад кард”. Бутина моҳи апрел ба 18 моҳи зиндон маҳкум шуд. Ӯ эътироф кард, ки дар Анҷумани миллии силоҳ ва дигар созмонҳои амрикоӣ зери назари як собиқ узви парлумон бо ҷамъоварии иттилоъ машғул буд. Фурсате, ки ӯ дар интизори додгоҳ дар боздоштгоҳ сипарӣ кард, ҳамчунин ба ҳисоб гирифта шуд. Ӯ эътироф кардааст, ки бояд дар назди ҳукумати ИМА сабтином мешуд, вале таъкид кардааст, ки ҷосус набуд ва тамоми фаъолиятҳояш ошкор сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG