Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон даҳҳо муштарӣ бе алоқаи мобилӣ монданд


Бархе аз муштариёни ширкатҳои мобилии Қазоқистон шикоят доранд, ки бе алоқаи мобилӣ, аз ҷумла Интернет мондаанд.

Мақомот ва масъулони ширкатҳо мегӯянд, алоқаи мобилӣ ва Интернети онҳоеро қатъ карданд, ки рамзи IMEI-и телефонҳои ҳамроҳи худро ба қайд нагирифтаанд. Бар пояи қонуни нави "Алоқа"-и Қазоқистон, ширкатҳои мобилии ин кишвар ҳақ надоранд, ба муштариёне хидмат расонанд, ки рамзи IMEI-и телефонҳояшонро сабт накардаанд.

Ба гуфтаи ҳукумат ва ширкатҳои мобилии Қазоқистон ин муштариҳо қаблан чандин бор огаҳ карда шуданд, ки рамзи IMEI-и телефонҳои ҳамроҳашонро ба қайд гиранд.

Расонаҳои маҳаллии Қазоқистон хабар доданд, ки дар назди бинои ширкатҳои мобилӣ дар шаҳри Нурсултон имрӯзҳо даҳҳо одам барои қайди рамзи телефонҳояшон навбат мепоянд.

Дар Кумитаи иртибототи Вазорати рушди рақамӣ, навоварӣ ва саноати кайҳонии Қазоқистон гуфтанд, шумори шаҳрвандоне, ки аз қатъ шудани алоқаи мобилӣ ва Интернеташон шикоят доранд, афзоиш ёфтааст. Барои қайди IMEI-и телефон муштариён бояд паёмак фиристанд ё ба маркази хидматрасонии ширкатҳои мобилӣ бираванд.

Шакли кӯтоҳшудаи IMEI- Рақами байналмиллалии дастгоҳи мобилӣ аст, ки ҳар телефони мобилии истеҳсолшуда дар ҳар гӯшаву канори ҷаҳон новобаста ба навъу тамғааш, онро дорад. Мақомот ва ширкатҳои мобилӣ тавассути ин рақам як телефони мобилиро аз дигар фарқ мекунанд. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ба хотири пешгирӣ аз дуздии телефонҳои мобилӣ ин тасмимро рӯи даст гирифтаанд. Бино ба иттилои расмӣ, танҳо дар соли равон 40 ҳазор телефони мобилӣ дар Қазоқистон дуздида шудааст.

Ба гуфтаи пулиси Қазоқистон, ҳангоми қайди дастгоҳ метавон тағйири симкортро низ хомӯш сохт, ки дар сурати дуздида шудани он пайдо карданаш хеле осон мешавад. Вале ба ин ҳама нигоҳ накарда, сокинони Остона барои қайди IMEI-коди телевонҳояшон шитоб надоранд.

XS
SM
MD
LG