Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳрумсозии Отамбоев аз унвони президенти пешин "қонунӣ" дониста шуд


Палатаи конститутсионии Додгоҳи олии Қирғизистон эътироф кард, ки қарори порлумони он кишвар дар бораи аз унвони президентии пешин маҳрум сохтани Алмосбек Отамбоев қонунӣ аст.

"Аъзои Палатаи конститутсионӣ ба хулоса омаданд, ки ҳангоми қабули қарори мазкур аз сӯи порлумон меъёрҳои Конститутсия вайрон нашудааст",-хабар медиҳанд расонаҳо аз қавли намояндагони палата.

Қарори додгоҳ ниҳоӣ аст ва бозбинӣ намешавад.

Комиссияи порлумонии Қирғизистон дар аввал зидди Отамбоев бар асоси 9 банд айб эълом кард, вале сипас се банди онро барои рабт надоштанашон ба давраи президентии ӯ бекор карданд.

Президенти пешини Қирғизистон дар фишор ба вакилони порлумон, додрасҳо, фаъолони маданиву расонаҳо, ғайриқонунӣ озод кардани "дузди қонунӣ" Азиз Батукаев, ғайриқонунӣ соҳиб шудани қитъаи замин дар деҳаи Кой-Тош, фасодкорӣ ҳангоми бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек айбдор карда мешавад.

Дертар Отамбоев дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани Батукаев се бор ба бозпурсӣ даъват шуд, вале ӯ нарафт.

Дар натиҷа рӯзҳои 7-8 августи соли равон дар деҳаи Кой-Тош "амалиёти иҷборан эҳзор кардани президенти пешини Қирғизистон ба бозпурсӣ" баргузор шуда, дар натиҷаи он даҳҳо кас осеб диданд. Аз ҷумла, як афсари Кумитаи амнияти ин кишвар ҷон бохт.

Алмосбек Отамбоев дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти Қирғизистон қарор дошта, ба ӯ то 26 соли зиндон таҳдид мекунад. 15 октябр нахустин мурофиаи парвандаи ғайриқонунӣ озод шудани Батукаев баргузор шуд, вале Отамбоев ба он нарафт.

XS
SM
MD
LG